Фаронса филми тоҷикӣ тамошо мекунад

Намое аз филми "Фариштаи китфи рост"-и Ҷамшед Усмонов

Дар ҷашнвораи имсолаи филмҳои осиёӣ дар шаҳри Везули Фаронса (29.01.2008 - 05.02.2008) як бахши хос ба филмҳои тоҷикӣ бахшида мешавад.

Муассиси ин ҷашнвораи байналмилалӣ Жан Марк Терруан (Jean Mark Terrein) тасмим гирифтааст, барои ширкат дар ин фестивал ва мизбонии баҳси марбут бо филмҳои тоҷикӣ коргардони мустақили тоҷик Сафарбек Солиевро даъват намояд. Сафарбек яке аз чаҳор довари байнулмилалии ин ҷашнвора мебошад.

Терруан: "Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои осиёӣ дар Везул калонтарин ҷашнвораи филмҳои осиёӣ дар Фаронса ва қадимитарин фестивали филмҳои осиёӣ дар Аврупо мебошад. Ба фикрам фестивал хеле ҷолиб аст, зеро дар он филмҳо аз ҳама гӯшаҳои Осиё намоиш дода мешаванд. Вақте ман 14 сол пеш ҳамроҳ бо завҷаам дар паи ин ҷашнвора шудем, ман барои худ филмҳои Осиёи Марказӣ ва коргардонҳои ин минтақаро кашф намудам. Филмҳои замони коммунистӣ ва давраи баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ бароям як кашфиёте буд."

- Мутаассифона, баъди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон чанд филми ангуштшумор офарида шудааст.

Терруан: "Бале, аз ин рӯ, ман имсол коргардони мустақил Сафарбек Солиевро даъват кардаам. Ӯ кӯшиш дорад, саноати филмсозии Тоҷикистонро эҳё намояд. Дар давраи Шӯравӣ дар Тоҷикистон чандин коргардони бузург ба сар мебурданд. Онҳо баъди таҳсил дар мактаби маъруфи ВГИК ё худ Донишгоҳи кинои Русия тарзи шоиронаи наворгирии филмҳоро аз худ намуда, онро дар Ватан татбиқ карданд. Мо чанд филми маъруфи коргардонҳои он давраро намоиш хоҳем дод. Хуллас, ману ҳамсарам дар ҷашнвораи филми осиёӣ дар пойтахти Италия мо бо Сафарбек Солиев ба мувофиқат расидем, ки яке аз панҷ бахши ҷашнвораи 14-уми Везулро "тамаркуз ба филми тоҷикӣ" унвон дода, дар он ҳамзамон бо намоиши филмҳо баҳси муфассале роҳандозӣ кунем."

- Муҳтарам, Жан Марк Терруан шумо гуфтед, ки баҳси филмҳои тоҷикӣ баъди намоиш доир мешавад. Шумо кадом филмҳоро дар маърази ом хоҳед гузошт?

Терруан: "Мо чаҳор филми машҳурро интихоб кардем. Яке "Бачаҳои Помир"-и коргардон Владимир Мотилро интихоб кардаем. Ӯ соли 1927 дар Беларус ба дунё омада, ин филми шоиронаро соли 1963 дар Тоҷикистон ба навор гирифтааст. Ҳамчунин мо достони "Рустам ва Сӯҳроб"-и коргардон Борис Кимёгаровро намоиш хоҳем дод. Вақте як шахси ғарбӣ ин филмро мебинад, ӯ тааҷҷуб хоҳад кард, ки чунин филми ҷолиб на дар Ҳолливуд, балки дар Осиёи Марказӣ тавлид шудааст. Ҳамин гуна мо филми "Гаравгон"-и Юнус Юсуфовро намоиш хоҳем дод, ки бо манзараҳои нотакрори Осиёи Марказӣ ва ҷаззобии худ аз филмҳои Ҳолливуд ҳеҷ камие надорад. Тамошобинон хоҳанд дид, ки дар замони Шӯравӣ коргардонҳои тоҷик филмҳои барои аҳли олам ҷолиб меофариданд.

Бар илова, мо филми реалистии "Асрори оила"-и коргардон Валерий Аҳадовро намоиш медиҳем. Ин филми равонӣ ба асрори ду оила ва таниши миёни онҳо бахшида шудааст. Аз давраи баъди шӯравӣ мо тасмим гирифтаем, филми "Братан"-и коргардон Бахтиёр Худойназаровро намоиш диҳем, ки соли 1991 дар Тоҷикфилм тавлид шудааст. Сипас мо филми муштараки тоҷикиву фаронсавии коргардон Ҷамшед Усмонов "Фариштаи кифти рост"-ро намоиш медиҳем. Ва билохира чор филми коргардон Сафарбек Солиев: "Ашшагулон", "Тақвими интизорӣ", "Нисо" ва як филми кӯтоҳмуддати дигари ӯ мавриди тамошо ва баҳси ширкаткунандагони фестивал қарор мегирад".

Бо таассуфи зиёд ҳамсӯҳбати мо Жан Марк Терруан хотирнишон кард, ки ин филмҳои тоҷикӣ дар сабқат иштирок карда наметавонанд, зеро нав нестанд. Ӯ афзуд, имсол дар сабқат аз Осиёи Марказӣ ду филм иштирок хоҳанд кард: яке филми бадеии "Фароштурук"-и коргардони қазоқ Абай Қулбой ва дигаре филми мустанади коргардони қирғиз Эрнест Абдуҷабборов мебошад, ки анъанаи қадимии арӯсрабоиро васф мекунад.