Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти "Овора"-и Тоҷикфилм аз Зиддӣ


«Овора» - қиссаи як писараки чорсолаест, ки дар як деҳаи кӯҳистон дар тарбияи танҳо бобою бибияш мондааст. Модараш ҳангоми таваллуд вафот кардааст, падараш дар ҷустуҷӯи кор ба Русия рафтааст ва муддати мадиде боз аз ӯ хату хабаре нест. Танҳо дӯсти қарини Абдуллоҷони чорсола ягона бузаки лоғарак мебошад ва Абдуллоҷон ҳама дардҳои дили худро ба бузак қисса мекунад:

Нақши қаҳрамони хурдакаки «Овора»- ро Алиҷон Шокиров бозидааст:

Шарқия Алиева - модари Алиҷон мегӯяд, ҳангоми намоиши филми «Дар орзуи падар», фарзандаш ҳамеша худ ба худ ҳарфҳои қаҳрамони он филм, Меҳрубонро такрор мекард. Ин рағбати Алиҷонро дида пас аз эълони озмун барои «Овора» волидонаш ӯро ба кастинг меоранд.

Филмро киностудияи «Тоҷикфилм» ба навор гирифтааст. Муаллиф ва коргардонҳои «Овора» раҳбари «Киносервис» - и Тоҷикистон Гуландом Муҳаббатова ва писари ӯ Далер Раҳматов мебошанд. Хонум Муҳаббатова мегӯяд, ин филм талошест барои ба риштаи тасвир кашидани зиндагии он афроде, ки барои эшон мардҳо маҷбуранд, аз диёри азизи хеш дур шаванд. Ва ҳамчунин намоиш диҳанд, ки ин фурқат ҳам барои он ғарибон ва ҳам барои наздикони онҳо чӣ таъсире дорад.

Филм аз сангинии фироқи волидони пир аз фарзандонашон, аз дардҳои дили тифлони маъсум зи дурӣ аз падаронашон ҳикоя мекунад. Филм дар мисоли зиндагии як оила ҳаёти аксар хонаводаҳои имрӯзи Тоҷикистонро нишон додааст. Дар Овора нақши бибиро Фотима Ғуломова бозидааст:

"Ҳам дилам ба писарам кашол, ки дар Русия вай чӣ ҳол дорад. Барои чӣ як сол шуд, аз вай на хат ҳасту на хабар. Ман ҳамеша ғам мехӯрам, мабодо писарам ягон ҳодиса нашуда бошад, зинда ҳаст ё не, ҳамеша фикри вай. Аз тарафи дигар якта ягона набераам Абдуллоҷон, мабодо бо мо пиру кампир ягон ҳодиса шавад, ин набераи азизам бо кӣ мемонад."

Бибии пир ва бобои нобино танҳо наздикони Абдуллоҷон ҳастанд. Азбаски аз фарзандашон ҳеҷ хабаре нест ва ӯ маблағе намефиристад, бибӣ мехоҳад, ягона бузаки хонаашро бифурӯшад ва ба пули он набераашро хатнатӯй карда, қарзашро аз сар соқит намояд.

Баъд ин ки Абдуллоҷон бузакро хеле дӯст медорад ва дар бозор оҳиста ба харидорон мегӯяд, бузаки онҳо хеле лоғару бемор аст, шир намедиҳад, гӯшт надорад ва кирои харидан низ нест. Ҳамин тариқ, бузак чанд маротиба бозор мераваду меояд, вале ба фурӯш намеравад. Дар ин байн як дӯсти падари Абдуллоҷон аз Русия бармегардад, аз пули худ писари дӯсташро хатнатӯй мекунад ва бардурӯғ мегӯяд, ки пулро падари Абдуллоҷон фиристодааст. Ва ҳол он ки падари Абдуллоҷон ба тӯҳмат гирифтор шуда, дар маҳбас буду ин дӯсташ ӯро тамоман надида буд.

Филми бадеии "Овора" дар деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб ба навор гирифта шудааст ва дар рӯзҳои наздик қарор аст, бо баргузории як маросими вижа нахустнамоишаш доир шавад.
XS
SM
MD
LG