Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Синамогарони тоҷики муқими Русия


Дар коргоҳи филмбардории коргардони тоҷики муқими Маскав Бахтиёр Худоназаров наворбардории филми нав бо номи «Танкер Танго» дар арафаи анҷомёбист. Ба гуфтаи Рушд Рушдов, барномасози коргоҳи Бахтиёр Худоназаров, дар филми нав дар бораи киштии нафткашоне сухан меравад, ки сармоядорони навхоста, барои ба яғмо бурдани он вориди рақобати шадид шудаанд. Ба қавли дигар, филм дар бораи он сармоядороне қисса мекунад, ки дар марҳалаи фурӯпошии Шӯравии вақт сармояҳои ҳангуфт ба даст овардаанд. Ин филми ҳунарӣ ривояти телевизионӣ ҳам дорад.

Бахтиёр Худоназаров ягона коргардони тоҷики муқими Маскав нест. Фарҳод Абдуллоев феълан ба наворбардории филми «Падари Ҳамлет» машғул аст. Валерий Аҳадов бо чандин ширкати синамогарӣ ҳамкорӣ дорад. Марям Юсуфова коргоҳи шахсии худро кушодааст, ки ба наворгирии филмҳои мустанад тахассус дорад. Коргардони дигари тоҷик Ҷамшед Раҳмонов соли 2005 филми «Афғонистони имрӯз»-ро ба тамошобини Маскав тақдим кард, ки хуш пазируфта шуд.

Ҷамшед Раҳмонов, ки дар авоили солҳои навад ба студияи «Тоҷикфилм» роҳбарӣ кардааст, мегӯяд, беш аз дусад тан аз ҳунармандони синамои тоҷик дар Русия фаъолияти синамогарии худро муваффақона пеш мебаранд ва аксари онҳо дар бисёр заминаҳо комёб ҳам шудаанд. Вай дар посух ба суоле, ки синамогарони тоҷики муқими Русия дар мавзӯъи марбут ба тоҷикону Тоҷикистон чӣ эҷод кардаанд, гуфт, филми махсус нест, вале дар филмҳои Валерий Аҳадов, Марям Юсуфова ва ӯ аз сарнавишти муҳоҷирон сухан рафтааст. Ҷамшед Раҳмонов ҳамзамон гуфт, шояд дар оянда шароите фароҳам ояд, ки маҳфили синамогарони тоҷикистонӣ дар Русия ташкил шавад, зеро дар ҳамаи риштаҳои синамогарӣ кадрҳои тоҷик кор мекунанд.

Ҷамшед Раҳмонов мегӯяд, бисёр синамогарони тоҷик дар орзуи кор ва зиндагӣ дар Тоҷикистон ва эҳёи «Тоҷикфилм» ҳастанд, вале медонанд, ки бо он мушкилоти иқтисодие, ки домангири Тоҷикистон аст, эҳёи синамо кори даҳсолаҳои дур хоҳад буд.

Гуфтанист, муҳоҷирати тоҷикон ҳам барои рушди иқтисоди Русия ва ҳам барои фарҳангу адаби ин кишвар судманд аст, вале дар бораи паҳлӯҳои мусбати ин раванд камтар мегӯянд ва камтар менависанд.
XS
SM
MD
LG