Дилбар Қосимова дар сархатти ҳунармандони мавҷи нави синамогарони тоҷик меистад, ки ба гуфтаи Саъдулло Раҳимов, киношинос, ин давраро санъатшиносон марҳалаи дуввуми синамои миллӣ унвонгузорӣ карданд. Шурӯъ аз солҳои 50 асри пор хонум Қосимова дар филмҳое нақш офаридааст, ки як андаряк дар феҳристи ифтихории синамогарӣ истодаанд.
Дар филми «Коваи оҳангар ва Заҳҳоки морон» нақши духтари Кова, дар «Писар бояд зан гирад» ва «Вақте ки Осиё бозистод» нақши модарро офарид. Ва аммо Саъдулло Раҳимов мегӯяд, нақши Нигина маҳбубаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар филми «Қисмати шоир» ба Дилбар Қосимова шӯҳрати оламгир овард.
Марям Исоева, ҳунарманди мардумӣ меафзояд, Дилбар Қосимова тақрибан ба тамоми бонувони ҳунарманд, ки шурӯъ аз нимаи солҳои 50 ба арсаи театр ва кино по гузоштаанд, дасти устодӣ дошт.
Фотима Ғуломова, ҳунарманди шинохташуда мегӯяд, Дилбар Қосимова дар зиндагонии пасипардагӣ низ барои ҳунармандон мавриди тақлид ва ифтихор қарор дошт.
Вале Дилбар Умарова - ҳунарманди театр ва синамои тоҷик афзуд, на танҳо барои бонувони ҳунарманд,балки барои тамоми духтарони тоҷик дар солҳои 50 ва 60 асри гузашта, Нигинаи офаридаи Дилбар Қосимова идеал маҳсуб мерафт ва бахши аъзами духтарони тоҷик ба хотири ба домани шӯҳрати Дилбар Қосимова расидан ба донишгоҳҳои ҳунар ҳуҷҷат месупурданд.
Санъатшиносон мегӯянд, шӯҳрати Дилбар Қосимова дар синамои миёнаҳои асри бист он гуна фарох буд, ки филмеро бе ҳузури ӯ тасаввур кардан имкон надошт. Пас аз нақшофариниш дар даҳҳо филм, шурӯъ аз сини 40-солагӣ хонум Қосимова ба дубляж гузашт ва садҳо филмро ба тоҷикӣ тарҷума кард. Ба иттилоъи Саъдулло Раҳимов, санъатшинос, мақоми хонум Қосимова дар баробари Абдусалом Раҳимов, Борис Кимёгаров, Тоҳир Собиров дар рушди фарҳанги миллӣ назаррас аст.
Ҳунарманди маҳбуби тоҷик зӯҳри ҷумъаи 8 декабр дар мазори Сари Осиёи Душанбе дафн шуд.