Бритониё Басраро баргардонд

Вогузории идораи умури амниятии Басра бар дӯши ниҳодҳои амниятии маҳаллӣ, ба контроли 4,5-солаи артиши бритониёӣ дар минтақаҳои ҷанубии Ироқ хотима мебахшад.

Аксарияти аҳолии ҷануби Ироқ ин иқдомро бо хушӣ истиқбол намуданд. Як сокини Басра дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ эҳсосоташро чунин шарҳ дод:

“Мо умед дорем, ки таъмини амният аз даст ба даст супорида мешавад, ва мо имкон пайдо мекунем, дар атроф бидуни хавф ҳаракат кунем. Ҳоло мо имкони рафтан аз як ҷо ба ҷои дигарро надорем, чунки бехатарӣ таъмин намешавад. Бо сабаби беамнӣ, бегоҳи соатҳои 7 ё 8 шумо аллакай метарсед аз манзили худ берун бароед. Ҳар руз даргирӣ сурат мегирад ва ҳар руз ягон мушкил пеш меояд.”

Зимни расми таҳвили масъулиятҳо, ки дар фурудгоҳи шаҳр барпо гашт, намояндагони Бритониё ва Ироқ зери санадҳои расмӣ имзо гузоштанд.

Муваффақ ал-Рубоӣ, мушовири амнияти миллии Ироқ ин рӯзро таърихӣ номид ва гуфт, ин пирӯзии Ироқ ва шикасти душманони он мебошад. Оқои Рубоӣ артиши бритониёиро барои нақшаш дар мудофеъаи шаҳр аз ошубгарон, тамрини сарбозони ироқӣ ва эҳёи иқтисоди он сипосгузорӣ намуд.

Генерал-майор Граҳам Бинс, ки артиши Бритониё соли 2003 зери сарвариаш вориди Басра шуда буд, гуфт, Басра акнун дигарбора нерӯи худро ба даст меорад. Бо вуҷуди ин, вай гуфт, ки агар Басра мехоҳад, имконоти фавқулодаи худро истифода барад, пас бояд дар коҳиши хушунатҳо боз ҳам талоши бештар кунад.

“Поён рафтани сатҳи хушунатҳо дар моҳҳои охир ба мардум имконият дод, сармоягузориро ба иқтисоди шаҳр аз сар бигиранд. Ба ин кор бояд идома дод, то дар оянда субот дар Басра таҳким ёбад”.

Вазири корҳои хориҷаи Бритониё Давид Милибанд, ки дар ин маросим ширкат варзид, таъкид бар он намуд, ки таслими идораи умури амниятии Басра маънои онро надорад, ки вазъ мӯътадил шуда ва барои неруҳои маҳаллӣ дигар ягон коре боқӣ намондааст. Оқои Милибанд гуфт, Ироқ макони пурхушунат боқӣ мемонад ва сарварони кишвар вазифадоранд, танишҳо миёни қишрҳои ҷомеъаро аз байн баранд.

Пеш аз ин Бритониё идораи умури амниятиро дар се вилояти дигари ҷанубии кишвар ба неруҳои интизомии Ироқ вогузошта буд.