Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаҳои занони хабарнигори ироқӣ


Бунёди байналмилалии расонаҳои хабарӣ барои занҳо, воқеъ дар Амрико, шаш хабарнигори ироқиро бо ҷоизаи "Ҷасорати журналистӣ" қадрдонӣ кард.

Ин занҳо кормандони созмони амрикоии McClatchy Newspapers дар шаҳри Бағдод мебошанд. Исми ин занҳо чунин аст: Шато Ал Авсӣ, Зайнаб Убайд, Ҳудо Аҳмад, Бан Одил Сарҳан, Ало Маҷид ва Саҳар Исо.

Хатароти пайвастаи таъқибу куштор онҳоро водор кардааст, ки дар шароити феълӣ машғулият ва ҷои кори худро аз атрофиён, ҳатто аз аҳли хонаводаи худ пинҳон доранд. Нашрияи амрикоии Herald Tribune мегӯяд, ки ҳатто дар лаҳзаҳои тақдими ин ҷоиза дар меҳмонхонаи "Валдорф-Астория"-и Ню-Йорк ин хонумҳо нахостанд аксбардорӣ шаванд.

Зимни изҳори сипос барои ҷоиза, яке аз хабарнигорон хонум Саҳар Исо ба аҳли маҷлис гуфт, касби журналистӣ дар Ироқи хушунатзадаи имрӯза масъалае нест, ки ба он бояд бо саҳлангорӣ муносибат кунем. Ҳар қадам ва ҳар посгоҳи низомӣ, ҳар саволи мустақим метавонад хатарнок бошад, гуфт хонум Саҳар. Ӯ афзуд, ҳар мусоҳибае, ки анҷом мешавад, метавонад охирин бошад.

Хонум Саҳар Исо мегӯяд, ҳар субҳ, пеш аз мактаб рафтани фарзандаш вақте ба чеҳраи вай табассум мекунад, фикр мекунад, ки шояд ин охирин бор аст, ки хандаҳои ҷигарбандашро мебинад. Аммо бо вуҷуди ин, ӯ мегӯяд, омода нест аз кори худ даст кашад ва қалами ҳақиқатгӯяшро канор гузорад.

Катлин Ридолфо, таҳлилгари масоили Ироқ дар радиои Озодӣ мегӯяд, имрӯз дар ин кишвар ҳама журналистҳо, ҳам занҳову ҳам мардҳо дар шароити беамну ҳассос кор мекунанд, аммо онҳо бо вуҷуди ноамниҳо дар баррасии масоили иҷтимоиву сиёсӣ фаъол ҳастанд.

Баъди шурӯи амалиёти низомӣ дар Ироқ аз соли 2003 то имрӯз, дар ин кишвар беш аз 150 журналист ва корманди расонаҳои хабарӣ ба ҳалокат расидаанд. Кумитаи дифоъ аз журналистон мегӯяд, 11 нафари онҳо зан будаанд.

XS
SM
MD
LG