Раиси ҷумҳурии Амрико Ҷорҷ Даблю Буш бо нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Кохи Сафед барои баррасии эҳтимоли ирсоли нирӯҳо ба Ироқи Шимолӣ барои муқобила бо шӯришиёни Ҳизби коргари Курдистон мулоқот карданд. Баъди ин нишаст, Буш гуфт, ки вай пешниҳоди ҳамкории бештар дар заминаи мағлубсозии ҷангиён кардааст. Аммо он чи ки муҳимтар аз дигар масъалаҳо буд, ин изҳороти Эрдуғон буд, ки гуфт, вай ҳамла болои ин минтақаро аз эҳтимол дур намедонад.
Мулоқоти мақомоти баландпояи Туркияву Амрико бо хабарнигорон тақрибан 20 дақиқа давом кард ва Буш ба ҳамкориҳои низомиву иттиллоотии миёни ду ҷониб дар ин замина таъкид кард. Вай гуфт, ки барои муқобила бо Ҳизби коргари Курдистон Эрдуғон пешниҳод кардааст, ки дар сатҳи сеҷониба як музокироти низомӣ ташкил шавад ва ба ҳайати он раҳбарони ИМА, Туркия ва инчунин генерал Дейвид Петреус, сарфармондеҳи нирӯҳои амрикойӣ дар Ироқ шомил шаванд. Ҷорҷ Буш таъкид намуд, ки роҳи дипломатии ҳалли қазия бояд аз муҳимтарин шеваҳои кор дар ин масир бошад, ҳамон тавре ки Эрдуғон барои раҳоии 8 сарбоз анҷом додааст.
"Натиҷаи раҳбарии хуби нахуствазир Эрдуғон буд, ки сарбозони туркӣ раҳо шуданд. Ман медонам, ки вай ин андешаро дар сар доштааст. Ман аз ин чиз огаҳ ҳастам, чунки ӯ ба таври пайваста бо ҳукумати ман барои раҳоии онҳо кор кардааст. Аз ин рӯ, дар ин масъала ҳадди аққал як чораи муассире барои мардуми Туркия мавҷуд аст, ки дар сурати ҳамкорӣ, мо метавонем ба ҳадафҳои муҳим даст ёбем"
Рӯзи шанбе ҳукумати Ироқ ваъда дод, ки дар роҳи муқобила бо Ҳизби коргари Курдистон талоши бештар ба харҷ хоҳад дод. Ва дар натиҷа, худи ҳамон рӯз мақомоти Курдистон дар шимоли Ироқ дафтарҳои як ҳизби сиёсиро дар шаҳрҳои Сулаймонияву Ирбил, ки ба Ҳизби коргари Курдистон вобаста будааст, бастанд.
Эрдуғон ҳам дар масъалаи аҳамияти ба кор андохтани талошҳои байналмилалӣ розӣ шуд ва гуфт, ки дар ин сурат, қазия метавонад ба зудтарин фурсат ҳаллу фасл шавад. "Хости ман ин аст, ки коре, ки мо муштаракан анҷом медиҳем, дар фурсати кӯтоҳ натиҷа бидиҳад. Чунки ин ҳама барои суботи худи Ироқ ва Ироқи Шимолӣ муҳим аст. Чунки суботи онҳо суботи мо аст, ва ҳама гуна бенизомиҳову мушкилиҳо дар Ироқ барои мо ҳам мушкил ва масъала эҷод мекунад".
Аммо дар ҳамин ҳол, Эрдуғон нагуфт, ки Буш аз вай тақозо кард, ки аз барномаҳои ирсоли нирӯҳо ба Ироқ даст кашад. Нахуствазири Турия таъкид кард, ки аксарияти кулли аъзои парлумони кишвараш бо ирсоли артиш ба марзи Ироқ мувофиқат карда онро чун як зарурати ҳалли масъала арзёбӣ мекунанд. Вай афзуд, ки иҷозаи ҳамла чаҳорчӯби мушаххас дошта, дар сурати вуруди онҳо ба хоки Ироқ амалкарди онҳо дар маҳдудаи муайян сурат хоҳад гирифт:
"Ваколатномаи мазкур барои амалиёти марзӣ танҳо Ҳизби Коргарони Курдистонро ҳадаф қарор медиҳад. Он зидди мардуми мулкӣ равона нашудааст ва наметавонад равона шавад. Аз ин рӯ, албатта, мо ба табодули иттилоот миёни ҳамдигар авлавият медиҳем".
Эрдуғон ҳушдор дод, ки Туркия метавонад, амалиёти густардаи марзиро зидди Ҳизби коргари Курдистон ба роҳ монад.