Ба иттилоъи хабаргузориҳо, намоишҳои сериздиҳомтарин дар се шаҳр - Ню Йорк, Чикаго ва Сан Франсиско баргузор шуданд.
Мардуми эътирозгар дар ҳоле ба хиёбонҳо рехтанд, ки аз райъдиҳӣ дар Сенати ИМА оид ба доир кардани амалиёти низомӣ дар Ироқ панҷ сол сипарӣ шуд – он вақт Сенат аз ҳамла ба Ироқ пуштибонӣ карда буд.
Эътирозгарон, аз ҷумла, пайвандони сарбозоне, ки дар Ироқ хизмат мекунанд, аз Конгресси Иёлоти Муттаҳида талаб намуданд, то сармоягузории ҷангро қатъ кунад.
Черил Вертс – раиси ҷунбиши “Аъмоли сулҳ дар иёлати Ню Йорк” ва яке аз созмондиҳандагони намоиши зиддиҷангӣ гуфт, ки “Ироқ аз сӯи артиши Амрико ғайриқонунӣ забт шудааст ва мо бояд коре карда ба он хотима бахшем”.
Улусес Килгор, яке аз ширкаткунандагони намоиши эътирозӣ дар Ню Йорк гуфт, онҳо дар намоиш алайҳи сиёсати хориҷаи кишвар ва камфаъолияти Конгресси нав садо баланд кардаанд.
Ба гуфтаи эътирозгарон, беҳтар мебуд агар мақомот 500 миллиард доллари, тибқи иттилоъи онҳо, барои ҷанг дар Ироқ сарф шударо дар рушди маориф, бунёди манзил барои афроди камбизоат ва кумак ба мардуми бечораҳол сарф мекарданд. Ширкаткунандагони намоишҳои эътирозӣ бо лаҳзаи сукут аз қурбониёни ҷанги Ироқ ёд оварданд.