Яке аз соҳибмулкони "Зимняя вишня" пеш аз мӯҳлат аз зиндон озод шуд

Вячеслав Вишневскийро соли 2020 аз Полша, ки он ҷо фирор карда буд, истирдод ва ҳабс карданд

Дар Русия яке аз соҳибкулкони маркази тиҷоратии “Зимняя вишня”,  ки дар сӯхтори он соли 2018 даҳҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд, пеш аз адои мӯҳлати ҷазо шартан ба озодӣ баромад.

Вячеслав Вишневский бо қарори додгоҳи ноҳиявии Томск озод шуд, чун дар як аз зиндонҳои ҳамин минтақа адои ҷазо мекард.

Аз миёни 15 маҳкумшуда барои сӯхтори пурқурбонии “Зимняя вишня” дар шаҳри Кемерово даҳ нафар пеш аз мӯҳлат озод шудаанд. Вишневскийро соли 2022 барои додани пора ба раҳбари Госстройнадзори минтақавӣ Танзила Комкова ба ҳангоми сохтмони маркази тиҷоратӣ гунаҳгор дониста ба ҳашт соли зиндон маҳкум карданд.

Тафтишот маълум кард, ки замони сохтмони ин марказ дар солҳои 2013-2014 Вишневский бар ивази 7 миллион рубл пора иҷозати сохтмони бесанҷишро ба даст оварда буд ва дар ин бино системаҳои зиддисӯхтор насб нашуд.

Танзила Комкова соли 2021 ба 18 соли зиндон маҳкум шуд. Сӯхтор дар маркази тиҷоратии “Зимняя вишня” 25 марти соли 2018 рух дод ва дар натиҷа, 60 нафар, аз ҷумла 37 кӯдак ҷон дода 147 нафар осеб дид. Аксар қурбониҳо ҳангоми сар задани сӯхтор дар дохили кинозали ин марказ банд монданд.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, вақте дар маркази савдо сӯхтор сар зад, дастикам панҷ корманди тоҷикистонии “Зимняя вишня” барои наҷоти одамон ёрӣ расониданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Собир Хаспаллаев: "Маро ноҳақ аз Русия "депортатсия" карданд"Се сол баъд. Ҳукми муттаҳамони сӯхтори мудҳиши “Зимняя вишня” содир шудБаъди ду соли сӯхтор: Яке аз моликони “Зимняя вишня” истирдод шуд Корнамоии тоҷири 33-солаи тоҷик дар Иркутски РусияМедали руҳониёни мусалмони Русия ба як зодаи ДушанбеДар Кемерово "Зимняя вишня"-ро тахриб мекунанд