Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди ду соли сӯхтор: Яке аз моликони “Зимняя вишня” истирдод шуд


Вячеслав Вишневский (аз рост) 24 март ба Калининград интиқол шуд
Вячеслав Вишневский (аз рост) 24 март ба Калининград интиқол шуд

Полша яке аз моликони маркази тиҷоратии “Зимняя вишня”-ро бар асоси иттиҳоми порадиҳӣ ба Русия истирдод кард. Дар сӯхтори ду сол пеши ин маркази тиҷоратӣ дар минтақаи Сибири Русия 60 нафар кушта шуд. Вячеслав Вишневский, яке аз раҳбарони ширкати муассиси “Зимняя вишня” дар Кемерово баъди истирдод ба як боздоштгоҳи шаҳри Калининград интиқол дода шуд. Ӯ бояд аввал ба хотири ҷилавгирӣ аз коронавирус 14 рӯзро дар карантин сипарӣ кунад.

Вишневский дар он муттаҳам мешавад, ки барои дарёфти иҷозаи боз кардани марказ 88,800 доллар пора додааст. Дар ин бора дафтари матбуоти додситонии кулли Русия изҳорот дод.

Дар замони тафтишоти пешакӣ Вишневский ба Полша сафар кард. Дар сӯхтори 25 марти соли 2018 беш аз нисфи 60 нафари кушташуда кӯдакон буданд, ки дар дохили толори синамо банд монданд. Додситонӣ инчунин гуфт, ки Вишневский шахси таҳти тафтишот аст. Мақомоти Полша Вишневскийро бар асоси санади соли 2019-и мақомоти Русия боздошт ва истирдод карданд, чун ӯ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ буд. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки ба ҳангоми додани иҷозаи кор барои боз кардани маркази тиҷоратӣ мақомоти вазорати изтирорӣ дар минтақа ва дигар масъулон бидуни санҷиши ҳамаҷонибаи меъёрҳои бехатарии сӯхтор амал кардаанд.

Чанд рӯз баъди фоҷеа муфаттишон гуфтанд, ки вақте сӯхтор рух дод, роҳҳои баромад аз дохили синамо баста шуда, системаи огаҳкунии оташ кор накард ва ин кӯтаҳиҳо боиси ҳалокати мардум шуд. Сокинони маҳаллӣ ва хешовандони қурбониҳо фасоду мақомоти ришвахорро дар фоҷеаи Кемерово гунаҳгор карданд.

Медали руҳониёни мусалмони Русия ба як зодаи Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:01 0:00


XS
SM
MD
LG