Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Собир Хаспаллаев: "Маро ноҳақ аз Русия "депортатсия" карданд"


Собир Хаспаллаев
Собир Хаспаллаев

Собир Хаспаллаев аз ноҳияи Вахши Тоҷикистон, ки соли 2017 барои наҷоти як духтари рус ҷонашро дар хатар гузошт ва худ акнун ҷигари бемор дорад, аз мақомоти Русия мехоҳад, ки роҳи ӯро ба ин кишвар бикушоянд. "Маро ноҳақ "депортатсия" карданд," -- мегӯяд ӯ.

Мақомоти Русия дар соли 2021 Собир Хаспаллаевро ихроҷ карданд ва панҷ ҳазор рубл товон бастанд. Гуфтанд, ки муҳлати будубошаш дар Русия гузашта буд.

"Он вақт ба сабаби коронавирус мо аз сарҳад гузашта натавонистем, то муҳлати будубоши худро дароз кунем. Дертар қапиданду "депортатсия" карданд. Ин гуноҳи мо набуд. Ҳоло мехоҳам, ки қарори ихроҷи маро бекор кунанд. Як мошинаам дар Русия мондааст, мехоҳам онро фурӯшам ва худамро табобат кунам. Аз тарафи Русия ягон хел ёрӣ нашуд. Коре, ки карданд, ноҳаққӣ аст," – афзуд ӯ.

Хаспаллаев дар соли 2017 ба Русия барои хондан рафта буд. Дар баробари таҳсил дар як ширкати байнулмилалӣ кор мекард ва ба хариду фурӯши интернетӣ андармон буд.

Ҳоло дар Тоҷикистон аст ва расман бекор буда, барои гузарондани рӯзгор, ба гуфтаи худаш, ба корҳои хурд машғул аст.

"Маро ноҳақ аз Русия "депортатсия" карданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:57 0:00

Номи ин зодаи Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2017 расонаӣ шуд. Пас аз он ки як мошин аз кӯчаи соҳилии Костомарови Маскав бероҳа шуда, ба дарёи Яуза ғалтид. Ронандаи он духтаре буд, ки бо фиғон дархости ёрӣ мекард. Одамони бисёре дар соҳил ҷамъ шуда буданд. Муҳоҷири корӣ аз Тоҷикистон Собир Хаспаллаевро ин доду фарёд ба худ кашид.

"Рости гап, дар онҷо русҳои зиёде дар болои дарё истода буданд. Гуфтам, биёед, якҷоя парем. Бисёре аз онҳо гуфтанд, "намепарам". Таваккал ба Худо гуфтаму паридам. Гуфтам, ҳамин духтар барояду гӯяд, ки ҳамин одам маро халос кард, бачаи Тоҷикистон, бас аст. Духтарро аз об баровардам, ёрӣ додам ва то ба мошини Ёрии таъҷилӣ расондам," – ба ёд овард ҳамсуҳбати мо.

Дар рӯзҳои аввал дар бораи корномаи Собир дар Русия чизе нагуфтаанд. "Пас аз он ки коргарони Радиои Озодӣ хабардор шуданд, ки аз Тоҷикистон бачае як духтарро наҷот додааст, кори хуб кардааст, ба ман тамос гирифта, пурсиданд, дар ҳақиқат Шумо ҳастед? Гуфтам, ҳа. Баъд “Москва 24”, “Комсомолская правда” ва дигарҳо омаданд ва навор гирифтанд," – идома дод ӯ.

Бо вуҷуди он, ба гуфтаи Собир Хаспаллаев, аз чӣ сабаб бошад, ки рӯзноманигорони телевизион ва рӯзномаҳои Маскав дар бораи наҷоти зане аз тарафи як тоҷики муҳоҷир чизе нагуфтанд, ҳарчанд аз ӯ маълумоти пурраро гирифта буданд: "Пурсиданд, ки аз куҷо мешавӣ? Гуфтам аз Тоҷикистон. Нанавиштанд. Навор гирифтанду рафтанд. Нахостанд ба як тоҷик номи қаҳрамон диҳанд."

Муддати дароз дар оби ях будан сабаб шудааст, ки пойҳо ва гурдаҳои Собир Хаспаллаев сармо хӯранд. Ҷигараш низ зарар дидааст. Табобати ӯро дар аввал як дармонгоҳи шахсӣ ба уҳда гирифта буд, вале дигар давом надод.

Дар санҷиши тиббӣ маълум шуд, ки ҷигари Собир Хаспаллаев сахт зарар дидааст ва бояд ҷарроҳӣ шавад. Духтурон табобат накарданд, чун барои он пули калон лозим буд. Ҳоло дар Тоҷикистон аст ва, ба гуфтааш, “фақат дору мехараду дору мехӯрад".

Хаспаллаев аз он нороҳат аст, ки зодагони Тоҷикистон дар Русия хубиҳои бисёре кардаанд, вале вақтҳои охир он нодида гирифта мешавад. Бахусус, пас аз қазияи "Крокус".

"Дар Русия дидам, ки бисёре аз бачаҳо аз Тоҷикистон одамонро аз даруни алов бароварданд. Баъзеашон худ сӯхта нобуд шудаанд. Духтуре аз даруни "электричка" кӯдакро баровард. Дар Санкт-Петербург чанд бачаи тоҷик қаҳрамонӣ карданд… Он муносибате, ки имрӯз ба муҳоҷирони тоҷик мекунанд, беадолатона аст," – хулоса кард ӯ.

Дар бораи ҷасорати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ки солҳои истиқлол ин кишварро макони муҳоҷирати кории худ интихоб кардаанд, дар гузашта хабарҳо нашр шудааст. Ҳоҷимурод Қаландаров, донишҷӯйи тоҷик, моҳи июни соли 2020 ду кӯдакро ҳамроҳи як дӯсташ дар дарёи "Белая" дар шаҳри Уфа аз ғарқшавӣ наҷот дод, вале худаш ғарқ шуду ҷон бохт.

Моҳи ноябри соли 2019 дар Шӯрои федератсияи Русия навраси 11-солаи тоҷик Бахтиёр Усмоновро, ки тобистони он сол дар вилояти Хабаровски Русия дӯсти русашро аз дохили чоҳи оби ҷӯш наҷот дод, бо медали "Барои ҷасорат" қадрдонӣ карданд.

Фарзон Салимов, зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия, ки моҳи марти соли 2018 барои наҷоти даҳҳо нафар аз сӯхторе дар маркази тиҷоратии "Зимняя вишня"-и Кемерово кумак кард, низ қадрдонӣ шуд. Дар айни замон баъзе аз муҳоҷирон аз он нигаронанд, ки баъзе аз корнамоиҳои онҳо дида ва қадрдонӣ намешавад.

XS
SM
MD
LG