Ин муҳоҷир, ки худро ба мо чун Неъматов Зуҳурҷон Зоидович шинос кард, гуфт, пулиси Екатеринбург ӯро рӯзи 19-уми октябр ба гуноҳи сохта будани ҳуҷҷатҳояш дастгир карда, ҳамроҳи ҳамсар ва кӯдаконаш дар як хонаи холӣ ва сард нигоҳ медорад. Зуҳурҷон мегӯяд, ҳуҷҷатҳояш дурустанд ва се сол боз дар ин шаҳр, дар анбори Яндекс чун иқтисоддон-барномасоз кор мекард. Хавотирии ӯ аз ҳама бештар барои фарзандонаш аст, ки дар фасли зимистон бе либоси гарм ва рӯи фарши холӣ ҳастанд ва кӯдаки бемораш бе дору мондааст.
Зуҳурҷон Неъматов, муҳоҷири боздоштшуда дар суҳбат бо тарҳи Мигрант Медиаи Радиои Озодӣ гуфт, навбатдор иҷозат намедиҳад доруҳои кӯдакро аз берун дастрас кунанд. Ин муҳоҷир мегӯяд, дигар тоқати бардоштани ин ҳолатро надорад.
“Бачаи ман касалии эпелепсия дорад, забонашро фурӯ мебарад, Инҳо набояд ин кӯдакро маҳкам кунанд. Хешу табор се рӯз аст, ки барои кӯдакам ҳабб ё таблетка меоранд, навбатдор онро ба мо намедиҳад. Кӯдак забонашро фурӯ мебарад, намурад, наметиянд. Як ҷойи хоб (кроват) доштем, гуфтем ҷойи хоб диҳед, гуфтан шумо инсон нестед. Шумо садқаи инсону инсонгарӣ бишавед. Ман ҳақамро талаб кардам, шум шудам дар назарашон,”-гуфт ин муҳоҷир.
Дар консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба мо гуфтанд, аз вазъи Зуҳурҷон Неъматов ва оилаи ӯ огоҳанд ва талош доранд, ӯро озод кунанд ва ба Тоҷикистон фиристанд.
Баҳриддин Сулаймонов, намояндаи консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи ин муҳоҷир ҳал шуда, ӯро ба наздикӣ ба Тоҷикистон мефиристанд.
Навор дар Инстаграм:
Аз гуфтугӯ бо Зуҳурҷон Неъматов маълум шуд, ӯ пештар дар бораи худ ва фарзандонаш як навор гирифта, дар шабакаи муҳоҷирони ин минтақа паҳн кардааст ва баъдан пулис бо зӯрӣ аз ӯ як навори дигар гирифта пахш кардааст.
Неъматов мегӯяд, пулис онҳоро маҷбур кард, ки дар навор бигӯянд, ки шароиташон хуб аст. “Моро аввал тарсонданд, ки 90 рӯз шуморо ҷавоб намедиҳем, агар ҳозир дар ҳамин видео дуруст суҳбат накунед. Мо аз тарс дар видео гуфтем ҳама хуб аст. Се кӯдак аст дар ин ҷо. Зани ман ба сатр аст, аммо зани маро бе сатр сабт карда, дар дунё паҳн карданд.”
Муҳоҷири боздоштшуда мегӯяд, кӯдаконаш дар рӯйи фарши холӣ мехобанд, онҳо оби ҷӯш ва хӯроки гарм надоранд.
“Инҳо вақте ки одамро маҳкам карданд бояд қоғаз ва чойники чойҷӯшонӣ диҳанд. Хӯроки тайёр кардагиро биёранд, намегиранд, ролтон меоранд, хом мехӯрем, оби ҷӯш намедиҳанд, чойник намедиҳанд, шампун намедиҳанд. Қоғаз намедиҳанд. Мегӯянд ёру бародаратон биёранд. Ёру бародарамон меоранд, намегиранд. Барои он ки тоҷикем,”-афзуд ин муҳоҷир.
Ба нақли ин муҳоҷир, пас аз нашри видеои аввал наздиконаш ба боздоштшуда хӯрок меоранд, вале пулис онҳоро намегирад.
“Се рӯз одами мо меояд, се рӯз хуроки моро намегиранд. Мегӯянд, аз соати 11 то 13. Бародари ман аз соати панҷ саҳар мехезад аз дигар шаҳри Екатеринбург меояд, чизҳоро меорад, намегиранд то соати як дурӯғ ҳамонро навбатро мекашанд- мекашанд соат 1 мешавад пешаш баромада мегӯянд, ки соат як шуд, намегиранд. Ноништо соати 8 аст, аммо соати 11 меоранд, мехӯрӣ, хунук аст. Онро саг намехӯрад. Кӯдакони ман намехӯранд. Дар мобайни се рӯз як кӯдак 17-18 кило буд 12 кило шудааст. Ягон кӯдакам либос надошт. 4 рӯз зорӣ кардем, пулашон додем. 500 рубл ба инаш 500 рубл ба онаш медиҳем, ки фақат савғотиҳои моро қабул кунанд. Мо як камбағалем. Пули билет надорем, ки равем.”
Зуҳурҷон Неъматов ҳамчунин гуфт, ҳамеша ҳуҷҷатҳояш дуруст буданд ва вақти полис дастгираш мекунад, аснодаш сохта мебароянд.
Зуҳурҷон Неъматов, муҳоҷири боздоштшуда мегӯяд, “мо бовар доштем, ки ҳуҷҷатамон аслӣ аст. Аммо ҳуҷҷатҳои моро сохта кардаанд. Онҳое, ки ин корро карданд тоҷик буданд, Алишер ном дорад. Ягон корманди полис гӯш намекунад. Тоҷик як қатра ҳаққу ҳуқуқ надорад гап занад дар Русия.”
Дар суҳбати охирин қаҳрамони мо шикоят кард, ки полиси навбатдор ӯро рӯҳан азоб дода истодааст ва намегузорад ором бошад.
“Онҳо баъди дидани видео дигар моро чап гирифтанд. Ту ҳоло ба мо боз мушкилӣ эҷод мекунӣ мегӯяд. Акнун масхара карда истодаанд. Навбат гуфт, ки ҳоло нишон медиҳам, ки имрӯз чихел зиндагӣ мекунӣ. Одамро ба он ҳолат оварда истодаанд, ки маҷбур мешавӣ худкушӣ кунӣ. Дигар магарам чӣ кор кунем дар ҳамин ҷо?”-мепурсад ин муҳоҷири тоҷик.
Видеоро дар Фейсбук бинед: