Додгоҳи вилояти Иркутски Русия чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки моҳи ноябри соли 2021 вагонашон оташ гирифта буд, ба ду солу нӯҳ моҳ маҳкум ба зиндон кард, вале бо сабаби ду сол дар боздошт будан онҳоро аз толори додгоҳ раҳо намуданд.
Ҳукми додгоҳ рӯзи 13-уми ноябр, дақиқан ду сол пас аз оне, ки вагони муҳоҷиронро оташ зада буданд, содир шуд.
- Маҳмадтоҳир Ашӯров,
- Қурбонмад Содиқов,
- Далер Ҳасанов,
- Ҷумъабой Искандаров ба "авбошӣ” ва “қасди куштор” муттаҳам мешуданд, вале баъдан банди дуюми иттиҳом аз парвандаашон лағв шуд.
Қарор аст, чор муҳоҷири раҳошуда шаби 14-уми ноябр ба Тоҷикистон баргарданд. Пайвандонашон мегӯянд, ҳарчанд боздошту ҳукм ноодилона буд, вале аз раҳоии фарзандонашон хушҳоланд.
“Суд ҳукм кард, ки онҳо ҷазоро бояд дар муассисаи ислоҳии тартиботаш умумӣ адо кунанд. Бо сабаби он ки онҳо дар боздоштгоҳ аллакай ду сол нигоҳ дошта мешуданд, як солро ба якуним сол ҳисоб намуда, аз толори суд озодашон намудаанд,”—гуфт як тан аз наздикони муҳоҷирон, ки дар додгоҳ иштирок доштааст.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Шаби 12-уми ноябри соли 2021 сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Заларии вилояти Иркутск ба вагони ҳафт муҳоҷири тоҷик ҳамла карданд. Насимҷони Сайидалии 21-сола ва Сироҷиддин Гулзодаи 19-сола, ду муҳоҷири тоҷик ҳалок шуданд ва мақомот чаҳор ҳамроҳашонро боздошт карданд. Парвандаи чор муҳоҷир ду соли расо тафтишу баррасӣ шуд ва онҳо дар боздоштгоҳ буданд.
Ҳодиса пас аз он оғоз шуд, ки рӯзи 12-уми ноябри соли 2021 муҳоҷирон бо чанд сокини маҳаллӣ баҳс мекунанд. Шабона онҳо ба вагони муҳоҷирон ҳамла карда, онро оташ мезананд. Мақомот чор сокини маҳаллиро, ки дар миёнашон як корманди пулис низ буд, барои оташ задани вагони муҳоҷирон боздошт карданд, вале баъдан онҳоро бегуноҳ дониста, раҳо карданд.
Ду сол пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз мақомоти рус талаб карда буд, ки ҳодисаро одилона таҳқиқ кунанд. Модарони чаҳор муҳоҷири боздоштшуда низ ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Русия нома навишта, ба бегуноҳии фарзандонашон таъкид карда буданд.
Гуфтугӯ