Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зиндон ё боздоштгоҳ. Ба муҳоҷирони тоҷик дар "Сахарово" чӣ мегӯянд?


Зиндон ё боздоштгоҳ. Ба муҳоҷирони тоҷик дар "Сахарово" чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00

Афзоиши рейду боздоштҳо дар Русия шумори муҳоҷиронро дар марказ ва боздоштгоҳҳои муваққатии Русия зиёд ва шароитро бад кардааст. Пайвастан ба артиш аз аввалин даъватҳоест, ки дар ин боздоштгоҳҳо, махсусан Сахарово ба муҳоҷирон пешниҳод мешавад.

Муҳоҷирони тоҷики боздоштшуда дар «Сахарово» мегӯянд, онҳоро барои рафтан ба ҷанги Украина ташвиқ мекунанд.

«Сахарово», як маркази бузургтарини нигаҳдории хориҷиён дар Маскав аст, ки ҳоло даҳҳо муҳоҷири тоҷик онҷо дар интизори ихроҷ ба Тоҷикистон ҳастанд.

Чанд муҳоҷири тоҷик аз ин боздоштгоҳ мегӯянд, мудати тӯлонӣ аст, ки бо сарнавишти норӯшан ва дар шароити бад нигаҳдорӣ мешаванд.

Пешниҳоди рафтан ба артиш ва ҷанг аз аввалин коре будааст, ки баъди овардани муҳоҷирон ба «Сахарово» пеши онҳо гузошта мешавад.

Теъдоди муҳоҷирони боздоштшуда дар боздоштгоҳу марказҳои нигаҳдории хориҷиён дар Русия афзоиш ёфтааст.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG