Вазорати беҳдошти Ғазза хабар дод, ки шаби шанбе ба якшанбе дар паи ҳамлаҳои Исроил ба хонаҳо дар шимоли борикаи Ғазза 87 нафар кушта ё нопадид шудаанд.
Дар ҳамлаҳо ба шаҳри Байтулаҳё 40 кас маҷрӯҳ шуданд. Ин аввалин бор аст, ки баъди соли гузашта шурӯъ шудани ҳуҷуми Исроил ба Ғазза ин макон мавриди ҳамла қарор мегирад.
Исроил давоми ду ҳафтаи ахир як амалиёти васеъмиқёсро дар шимоли Ғазза ба роҳ монда мегӯяд, ки он зидди Ҳамос равона шудааст, чун аъзояш дар ҳамин минтақа аз нав ҷамъ мешаванд. Ҳамосро ИМА ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эълон кардаанд.
Мақомоти фаластинӣ гуфтанд, ки садҳо нафар кушта шудаанд ва сохторҳои тандурустии маҳаллӣ дар ҳолати наздик ба шикасту нобудӣ қарор доранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Як ҳавопаймои бесарнишин хонаи Нетаняҳуро ҳадаф қарор додаастХоманаӣ кушта шудани Яҳё Синворро "дарднок" хондЗарбаи нерӯҳои Исроил ба як бемористон дар ҒаззаГурӯҳи “Ҳамос” тасдиқ кард, ки Яҳё Синвор кушта шудаастИсроил раҳбари дигари "Ҳамос"-ро кушт, ҷанг тамом мешавад?