Танҳо дар соли 2022 ин коргоҳҳо 5 ҳазор тонна пахта коркард карда, ба иқтисоди ноҳия даҳҳо миллион сомонӣ фоида овардаанд.
Нурулло Мирзозода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ моҳи август дар нишасти хабарӣ гуфт, бо баста шудани коргоҳҳои пахтатозакунӣ соли гузашта ба буҷаи ноҳия 79 миллион сомонӣ ($7,4 млн.) камтар маблағ ворид шуд.
Коргоҳҳои хурди пахтатозакунӣ дар Ҳамадонӣ аз соли 2014 фаъолият доранд. Мақомот мегӯянд, байни коргоҳҳои хурд ва калон фарқият ҳаст ва ин ба сифати пахтаи коркардшуда таъсир мерасонад. Раиси ноҳияи Ҳамадонӣ гуфт, дастгоҳҳо дар корхонаҳои калони пахта чанд имконияте доранд, ки дар коргоҳҳои хурд нест.
“Корхонаҳои калон ду шона дорад, мустаҳкамкунӣ (пресс) доранд, ҳамон пахтаро кип карда мебароранд. Дар коргоҳҳои хурд бошад, арраҳо як шона доранд, мустаҳкамкунӣ (пресс) надоранд, вақте, ки пахтаро коркард мекунанд, сифат паст мешавад. Вақте ин маҳсулотро ба Туркия мебаранд бо ин сифат қабул намешавад,”-гуфт раиси ноҳияи Ҳамадонӣ.
Аммо бархе аз соҳибони ин коргоҳҳо ба ин ҳарфҳо розӣ нестанд ва мегӯянд, коргоҳҳои онҳо ба сифати пахта осеб намерасонанд.
Латиф, соҳиби яке аз ин коргоҳи пахтатозакунӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо танҳо пахтаро аз чигит ҷудо карда ба соҳибаш медиҳанд. “Мо фақат ҳаққи корамонро мегирем, дигар пахтаи тайёрро соҳибаш бурда мефурӯшад, ин ягон хел ба сифат осеб намерасонад. Ҳамааш гап аст.”
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ноҳияи Ҳамадонӣ як ноҳияи аграрӣ буда, сокинонаш ба кишту кор машғуланд. Дар аксари заминҳои обии он деҳқонон пахта мекоранд. Аммо дар ин ноҳия ягон корхонаи бузурги пахтатозакунӣ вуҷуд надорад. Ягона корхонаи бузурги пахтатозакунӣ, ки аз замони Шуравӣ боқӣ мондааст, хусусӣ шудааст, вале ҳоло кор намекунад ва соҳибонаш онро ба фуруш гузоштаанд. Деҳқонон пахтаи хоми худро ба корхонаҳои ноҳияи Фархор мефиристанд.
Нурулло Мирзозода, раиси ноҳияи Ҳамадонӣ гуфт, ки то кунун ягон соҳибкор ба сохтани корхонаи пахта майл накардааст.
Ҳоло қимати як килограм пахтаи коркардшуда дар бозор вобаста ба навъ аз 16 то 18 сомонӣ арзиш дорад. Аз сари замин ҳар килограм пахтаи деҳқононро аз 6,50 то 7,20 сомонӣ мехаранд.
Нархе, ки бисёр вақт деҳқонон мегӯянд паст аст ва аз маҳсули дастранҷи онҳо бештар соҳибкорон фоида мебаранд.