Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишоварз аз кишти "маҷбурӣ" шикоят дорад. Мақомот: "Деҳқон танбал шудааст"


Раёсати кишоварзии вилояти Суғд мегӯяд, бо роҳи "фаҳмондадиҳӣ"-и густарда имсол кишти пахтаро дар шимоли Тоҷикистон беш аз ҳафт ҳазор гектар зиёд кардааст. Деҳқонон баҳори имсол аз кишти "маҷбурӣ" шикоят доштанд.

Раҳбарони соҳаи кишоварзии вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ кори деҳқононро танқид карданд. Онҳо гуфтанд, бархилофи барномаи ҳукуматӣ, ки деҳқононро ба коштани пахта дар 65 дарсади заминҳояшон вазифадор мекунад, баъзе аз кишоварзон соли гузашта зироати дилхоҳи худро парвариш карданд. Имсол вазъ дигар аст ва кишти пахта бештар шудааст.

Маъруфҷон Шарифиён, Сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд гуфт, "ягон кас айби худашро намегӯяд. Деҳқонон ҳам сохтори киштро камтар вайрон карда буданд. Дар як гектар замин, масалан, ақаллан даҳ сотихашро пахтаву дигар чизҳо накорида, дар ҳамааш беда (юнучқа) корида буданд. Ин кори осону муғамбирҳо аст. Барои ҳамин, мо имсол тасмим гирифтем, ки дар ҷояш корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, нисбати соли гузашта 7335 гектар кишти пахтаро зиёд кардем".

Баҳори имсол чанде аз деҳқонон дар шимоли Тоҷикистон аз он шиква доштанд, ки мақомот баъди коштани тухмиҳои бедаву сабзавот онҳоро барои кишти пахта маҷбур мекунанд. Масъулони Идораи кишоварзӣ ба онҳо гуфтаанд, кишти пахта кам шудааст ва ин ба иқтисоди мамлакат зарар мерасонад. Аммо иддаои деҳқонон ин аст, ки солҳои пеш аз пахта фоидаи кам дидаанд.

Деҳқонони Суғд аз пахтакории "маҷбурӣ" шикоят доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:31 0:00

Маҳмуд Қурбонов тақрибан якуним гектар замин дорад. Солҳои гузашта пахта мекошт, вале имсол барои киштгардон ё дам додани замин дар он юнучқа корида буд.

Маҳмуд Қурбонов, як деҳқон дар Суғд мегӯяд, "барвақттар хабар надоданд, ки бояд пахта корем. Агар дар моҳҳои январ ё феврал мегуфтанд, дар 50 ё 60 сотихи замин пахта мекоридем. Мо аллакай юнучқа кишт кардем, вале маҷбур доранд, ки киштро вайрон кунем ва дар ҷояш пахта шинонем. Ман барои ин кишт аз 5 то 6 ҳазор сомонӣ сарф кардаам".

Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ мегӯянд, ин ҳолат бисёре аз деҳқонҳоро нигарон кардааст. Зеро солҳои гузашта аз замини пахтазор ҳосили муносиб ё аз пахтаи ба дастомада фоидаи дуруст нагирифтанд. Агар аз як ҷиҳат нархи пахта дар Биржаи ҷаҳонӣ поин рафта бошад, аз ҷониби дигар камобӣ нашъунамои пахтаро суст карда буд. Вале ҳоло масъулони Идораи обёрӣ мегӯянд, ки имсол бояд деҳқонон ҳосили хуб бигиранд. Зеро вазъи обёрӣ беҳтар шудааст.

Ба гуфтаи Ҳалимҷон Ҳоҷиев, муовини сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд, "таъсири кори комиссияи байнидавлатӣ, ин ба ҳамкории дуҷониба байни кишварҳо мусоидат кард. Лекин ногуфта намонад, ки имсол соле шуд, ки нисбати солҳои дигар сероб гардид. Ҳам дарёи Хоҷабоқирғон, ҳам Исфара ва ҳам Оқсу нисбати соли гузашта обаш зиёд шуд".

Дар ҳамин ҳол, Мизроб Амирбеков, коршиноси масоили кишоварзӣ мегӯяд, ки набояд деҳқононро фишор овард ва онҳо бояд заминҳояшон киштгардон кунанд, то ҳолаташро хуб сохта аз ҳаргуна бемориҳо нигаҳ доранд. Ба гуфтаи ӯ, дар сурати дахолат, ҳуқуқҳои онҳо нақз карда мешавад ва бояд Вазорати кишоварзӣ ва дигар сохторҳои марбут ба он баръакс деҳқононро ҳимоят кунанду кӯмакрасони кишоварзу соҳибкори соҳа бошанд.

"Мо бояд кӯшише накунем, ки дар масъалаи нарх пеш равем. Мо бояд дар самти таъмини бозор, амнияти озуқаворӣ ва бехатарии ғизо кӯшиш кунем. Ҳам нон дошта бошем, ҳам зироати техникӣ, ҳам наху ҳам либос. Имрӯз шакли хоҷагии деҳқонӣ аст. Ин ҳам як навъи соҳибкорӣ аст ва ӯ озод аст. Ҳар як соҳибкор барои фоида кӯшиш мекунад ва вай бояд фоидаашро гирад. Бефоида кор намекунад",-афзуд Мизроб Амирбеков.

Вале бо ин вуҷуд дигар коршиносони соҳа изҳор медоранд, ки бояд ҷонибҳо тибқи таҳлилҳо илоҷи корро ёбанд. Барои мисол, ба хотири ҳалли кишти зиёди пахта заминҳои бекорхобидаро обёрӣ намуда, ҳосилдеҳ созанд.

Таваҷҷуҳи мақомоти вилояти Суғд ба кишти пахта баъд аз он зиёд шуд, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз кам шудани майдони кишти пахта дар шимоли кишвар нигаронӣ кард. Президент гуфт, соли гузашта дар вилояти Суғд нуҳ ҳазор гектар камтар пахта кишт шудааст.

Пахта ё панба аз бахшҳои асосии иқтисоди Тоҷикистон аст, ки пас аз алюминиюм арзи хориҷии бештарро ба кишвар ворид мекунад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG