Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ягон кас айби худашро намегӯяд". Кишти пахта маҷбурӣ аст ё ихтиёрӣ?


Дар Суғд умедворанд, имсол ҳосили пахта бештар мешавад. Акс аз бойгонист.
Дар Суғд умедворанд, имсол ҳосили пахта бештар мешавад. Акс аз бойгонист.

Раёсати кишоварзии вилояти Суғд мегӯяд, бо ташвиқи кишоварзон, имсол кишти пахтаро дар шимоли Тоҷикистон ҳафт ҳазор гектар зиёд кардааст.

Деҳқонон баҳори имсол аз кишти «маҷбурӣ» шикоят доштанд. Таваҷҷӯҳ ба кишти пахта баъд аз он зиёд шуд, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз кам шудани пахтапарварӣ дар вилоят изҳори нигаронӣ кард.

Раҳбарони соҳаи кишоварзии вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ кори деҳқононро танқид карданд. Онҳо гуфтанд, бар хилофи барномаи ҳукуматӣ, ки деҳқононро ба коштани пахта дар 65 дарсади заминҳояшон вазифадор мекунад, баъзе аз кишоварзон соли гузашта зироати хостаи худро парвариш карданд. Имсол вазъ дигар аст ва кишти пахта бештар шудааст.

Маъруфҷон Шарифиён, Сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд: “Ягон кас айби худашро намегӯяд. Деҳқонон ҳам сохтори киштро камтар вайрон карда буданд. Дар як гектар замин масалан аққаллан даҳ сотихашро пахтаву дигар чизҳо накорида, дар ҳамааш беда (юнучқа) корида буданд. Ин кори осону муғамбирҳо аст. Барои ҳамин мо имсол тасмим гирифтем, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, нисбати соли гузашта 7335 гектар кишти пахтаро зиёд кардем”.

Баҳори имсол чанд деҳқон шиква дошт, ки мақомот баъди кишти бедаву сабзавот онҳоро ба кишти пахта маҷбур мекунанд. Масъулони идораи кишоварзӣ ба онҳо гуфтаанд, кишти пахта кам шудааст ва ба иқтисоди мамлакат зарар мерасонад. Аммо иддаои деҳқонон ин аст, ки солҳои пеш аз пахта фоидаи кам дидаанд.

Маҳмуд Қурбонов тақрибан якуним гектар замин дорад. Солҳои гузашта пахта мекошт, вале имсол барои киштгардон ё дам додани замин дар он беда корида буд.

Маҳмуд Қурбонов, деҳқон: “Барвақттар хабар надоданд, ки бояд пахта корем. Агар дар моҳҳои январ ё феврал мегуфтанд, дар 50 ё 60 сотихи замин пахта мекоридем. Мо аллакай беда кардаем, вале маҷбур доранд, ки киштро вайрон кунем ва дар ҷояш пахта шинонем. Ман барои ин кишт аз 5 то 6 ҳазор сомонӣ сарф кардаам”.

Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ мегӯянд, ин ҳолат бисёре аз деҳқонҳоро нигарон кардааст. Зеро солҳои гузашта аз замини пахтазор ҳосили муносиб ё аз фурӯши фоидаи дуруст нагирифтанд. Агар аз як ҷиҳат нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ поин рафта бошад, аз ҷониби дигар камобӣ нашъунамои пахтаро суст карда буд. Вале ҳоло масъулони идораи обёрӣ мегӯянд, ки имсол бояд деҳқонон ҳосили хуб бигиранд, зеро вазъи обёрӣ беҳтар шудааст.

Деҳқонони Суғд аз пахтакории "маҷбурӣ" шикоят доранд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:31 0:00

Ҳалимҷон Ҳоҷиев, муовини сардори Идораи беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилояти Суғд: “Имсол соле шуд, ки нисбати солҳои дигар сероб гардид. Ҳам дарёи Хоҷабоқирғон, ҳам Исфара ва ҳам Оқсу нисбати соли гузашта обаш зиёд шуд.”

Мизроб Амирбеков, коршиноси масоили кишоварзӣ мегӯяд, ки деҳқононро ба танг овардан лозим нест. Бояд дар заминҳояшон киштгардон кунанд, то ҳосили беҳтар бидиҳад. Вазорати кишоварзӣ баръакс деҳқононро ҳимоят кунанду кӯмакрасони кишоварзу соҳибкори соҳа бошанд.

Мизроб Амирбеков, коршиноси соҳаи кишоварзӣ: “Мо бояд дар самти таъмини бозор, амнияти озуқаворӣ ва бехатарии ғизо кӯшиш кунем. Ҳам нон дошта бошем, ҳам зироати техникӣ, ҳам наху ҳам либос. Имрӯз шакли хоҷагии деҳқонӣ аст. Ин ҳам як навъи соҳибкорӣ аст ва ӯ озод аст. Ҳар як соҳибкор барои фоида кӯшиш мекунад ва вай бояд фоидаашро гирад. Бефоида кор намекунад”.

Таваҷҷуҳи мақомоти вилояти Суғд ба кишти пахта баъд аз он зиёд шуд, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз кам шудани майдони кишти пахта дар шимоли кишвар нигаронӣ кард. Президент гуфт, соли гузашта дар вилояти Суғд нӯҳ ҳазор гектар камтар пахта кишт шудааст. Пахта ё пунба аз бахшҳои асосии иқтисоди Тоҷикистон аст, ки пас аз алюминиюм арзи нақди хориҷии бештарро ба кишвар ворид мекунад.

XS
SM
MD
LG