Шарофиддин Гадоев хостори гуфтугӯ бо ҳукумати Раҳмон шуд

Шарофиддин Гадоев

Шарофиддин Гадоев, раҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон, қароргоҳаш дар Амстердам, хостори гуфтугӯ ва музокирот бо ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи САҲА шуд.

Гадоев 1-уми октябр дар нишасти арзёбиҳои ҳуқуқи инсони ин созмон гуфт, Тоҷикистон гирифтори “буҳрони амиқи сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва гуманитарӣ” аст. Мақомоти Тоҷикистон дар ин нишаст ҳузур надоштанд, ки ба танқидҳо посух диҳанд.

Шарофиддин Гадоев дар нишасти солонаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо аз саркӯби мухолифони сиёсӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳои мустақил дар дохили Тоҷикистон нигаронӣ кард.

“Саркӯбҳои васеъ, аз ҷумла қатлҳои оммавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буҳронро шиддат бахшида, аҳолиро дар ҳолати нобоварӣ ва эҳсоси ноумедӣ қарор дода, роҳҳои осоиштаи ҳал намудани мушкилотро аз байн бурдааст. Ин гуна шароит таҳдиди воқеии хушунат ва низоъ ба миён меорад, ки метавонад ба пайомадҳои пешгӯинашаванда барои минтақа оварда расонад,”-таъкид кард роҳбари Ҷунбиши ислоҳот ва рушд.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳодисаҳои соли 2022 дар ВМКБ мегӯянд, афроде, ки боздошт ё кушта шуданд, узви гуруҳҳои ҷиноӣ буданд. Наздикони кушташудаҳо ва зиндониён дар Бадахшон ҳамвора ба бегуноҳии онҳо таъкид мекунанд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо борҳо хостори таҳқиқи мустақилонаи эътирозҳо дар Бадахшон шуданд, аммо мақомоти Тоҷикистон ин талабҳоро нодида гирифтанд.

Шарофиддин Гадоев 1-уми октябр дар нишасти САҲА аз ҷомеаи байнулмилалӣ даъват кард, ки барои ислоҳи демократӣ дар Тоҷикистон талош кунанд. Гадоев изҳори итминон кард, ки бо дастгирии САҲА метавон гуфтугӯи байнулмилалиро ба роҳ монда, ба тағйироти воқеии демократӣ дар Тоҷикистон ноил гардид.

Ҷаласаи арзёбиҳои ҳуқуқи инсони САҲА ҳар сол як маротиба дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон баргузор мешавад. Дар ҳамоиш масъалаҳои озодии баён, вазъи созмонҳои демократӣ, таҳаммулпазириву табъиз ва ҳокимияти қонун баррасӣ мешавад. Ин ҷаласа дар гузашта саҳнаи кашокаш миёни ҳайатҳои ҳукумат ва мухолифони тоҷик буд.

Нишасти имсолаи САҲА 30-юми сентябр оғоз шуда, то 11-уми октябр давом мекунад.