Артиши Исроил рӯзи 28-уми сентябр эълон кард, ки Насруллоҳро дар ҳамлае рӯзи ҷумъа (27-уми сентябр) дар Бейрут, пойтахти Лубнон, куштааст. “Ҳизбуллоҳ” ҳам як рӯз баъди ин ҳодиса кушта шудани раҳбарашро тасдиқ кард.
Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико кушта шудани Ҳасан Насруллоҳро барқарор шудани адолат дар баробари қурбониён, аз ҷумла ҳазорон амрикоӣ, исроилӣ ва ғайринизомии лубнонӣ хонд.
Байден рӯзи шанбеи 28-уми сентябр гуфт, ба вазири дифоъ дастур додааст, ки барои ҳимояи неруҳои низомии ИМА дар Ховари Миёна чораҳои бештар андешад. "Ҳадафи мо коҳиши таниш дар даргириҳои ҷорӣ дар Ғазза ва Лубнон аз роҳҳои дипломатӣ аст,"-афзуд Байден.
Ҷо Байден таъкид кард, ки ИМА аз ҳаққи Исроил барои дифоъ аз худ дар баробари “Ҳизбуллоҳ, Ҳамос, ҳусиҳо ва ҳар гуна террористҳои дигар, ки аз сӯи Ҷумҳурии исломии Эрон пуштибонӣ мешаванд,” ҳимоят мекунад.
Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” аз ҳимояти Эрон бархӯрдор аст. Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо ҷиноҳ ё қаноати ҳарбии “Ҳизбуллоҳ”-ро ба феҳрасти сиёҳ ворид кардаааст. Ҳасан Насруллоҳ беш аз сӣ сол раҳбари ин гуруҳи ҷангҷӯ буд ва бахши аъзами ҷануби Лубнонро зери назорат дошт.
Расонаҳо дар Эрон эълом карданд, ки Алӣ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ дар робита ба кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ панҷ рӯз азои умумӣ эълом кардааст. Пеш аз ин Ироқ, Сурия, Ҳусиҳои Яман ва Лубнон ҳам барои куштани Насруллоҳ се рӯз мотам эълом карданд. Алӣ Хоманаӣ, ки аз муттаҳидони “Ҳизбуллоҳ” аст, дар паёме Насруллоҳро “раҳбари камназири Ҳизбуллоҳ” хонд.
Дар ҳамин ҳол Фаронса хостори “таваққуфи фаври”-и ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон шуд. Вазири корҳои хориҷии ин кишвар рӯзи шанбе эълом кард, ки бо ҳаргуна амалиёти заминии артиши Исроил дар Лубнон мухолиф аст.
Жан-Ноэл Барро, баъд аз суҳбати телефонӣ бо нахуствазири Лубнон, ҳамчунин аз “Ҳизбуллоҳ” ва Эрон хост, аз ҳаргуна иқдоме, ки метавонад минтақаро бесуботтар кунад, худдорӣ намоянд. Пеш аз ҳамлаи Исроил ба Бейрут ва кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ, Фаронса ва ИМА дар ҳоли омода кардани тарҳе барои оташбаси 21 рӯза миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” буданд.
Муҳаммад Шиа ас-Судонӣ, нахуствазири Ироқ кушта шудани Ҳасан Насруллоҳро маҳкум кард. Оқои Судонӣ ҳамлаи рӯзи ҷумъа ба макони фармондеҳии “Ҳизбуллоҳ”-ро “ҳамлаи нангин” ва “ҷинояткорона” хонд.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия низ рӯзи шанбе бидуни ишора ба кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ гуфт, ки Лубнон ва мардумаш “ҳадафи навбатии наслкуши”-и Исроил шудаанд.
Эрдуғон дар шабакаи “Икс” (Твиттер) навишт, ки Шӯрои амнияти СММ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башар ҳарчӣ зудтар бояд иқдом кунанд ва ҷаҳони ислом низ мавзеи мустаҳкамтаре дар баробари ин ҳамлаи Исроил бигирад.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил дар аввалин изҳороташ пас аз қатли Ҳасан Насруллоҳ гуфт, куштани дигар фармондеҳони “Ҳизбуллоҳ” кофӣ набуд ва ӯ ба ин натиҷа расид, ки Насруллоҳ низ бояд кушта шавад.
Нетаняҳу таъкид кард, ки Исроил вазифадор аст бар душманони худ зарба занад. Ӯ аз Ҳасан Насруллоҳ ба унвоне нафаре ном бурд, ки дар пайи нобудии Исроил буд.
Коршиносон мегӯянд, кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ зарбаи сахте ба гуруҳи “Ҳизбуллоҳ” аст. Масъуд Алфак, рӯзноманигор ва таҳлилгари масоили Ховари Миёна дар Дубай, бар ин назар аст, ки бо кушта шудани Ҳасан Насруллоҳ, “Ҳизбуллоҳ” ба шароити бисёр сахте рубарӯ хоҳад шуд. Ин коршинос дар суҳбат бо Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ назарашро чунин баён кард:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳасан Насруллоҳ, рӯҳонии 64-сола, дар тӯли бештар аз сӣ соли раҳбарияш “Ҳизбуллоҳ”-ро ба нерӯи асосӣ дар Лубнон ва як ҳарифи тавонои Исроили ҳамсоя табдил дод. Дар ин муддат худаш низ яке аз чеҳраҳои қудратманд дар Ховари Миёна шуд.
Ҳасан Насруллоҳ дар ду даҳаи охир дар миёни мардум бисёр кам дида шудааст. Аксар тарафдоронаш танҳо тавассути телевизор шоҳиди мошубиринҷ шудани риши як замон сиёҳаш гаштанд. Ӯ салла ё аммомаи сиёҳ бар сар бо сабаби нигарониҳои амниятӣ аксар вақт тавассути видео ва аз маконҳои махфӣ паём медод.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Қаҳрамон" ё "оташафрӯзи ҷанг"? Ҳасан Насруллоҳ кист?"Ҳизбуллоҳ" тасдиқ кард, ки Ҳасан Насруллоҳ кушта шудаастАртиши Исроил гуфт, раҳбари "Ҳизбуллоҳ" дар Бейрут кушта шудМанобеъ: Хоманаӣ зери чораҳои шадид ба макони амн бурда шудаастНетаняҳу: Дар Эрон ҷое нест, ки дасти Исроил ба он нарасадЭрон ва"Ҳизбуллоҳ" аз посухи қатъӣ гуфтанд. Нетаняҳу: "Ба ҳар сенарио омодаем"Исроил гуфт, як фармондеҳи “Ҳизбуллоҳ”-ро “аз байн бурд”Ҳасан Насруллоҳ дар бораи ҷанги Исроилу "Ҳамос" чӣ гуфт?