Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳасан Насруллоҳ дар бораи ҷанги Исроилу "Ҳамос" чӣ гуфт?


Ҷангҷӯёни "Ҳизбуллоҳ"
Ҷангҷӯёни "Ҳизбуллоҳ"

Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари созмони "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, пас аз тақрибан як моҳ ҷанги Исроилу "Ҳамос" дар бораи ин даргирӣ дар Ховари Миёна гап зад.

Ӯ, ки паноҳгоҳаш маълум нест, рӯзи севуми ноябр аз ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил ситоиш кард, аммо гуфт, ҳамла аз ҷониби фаластиниҳо тарҳрезӣ ва анҷом дода шудааст.

Ба гузориши Радиои Фардо, бахши эронии Радиои Озодӣ, зоҳиран Ҳасан Насруллоҳ гуфтааст, Эрон дар ҳамла ба Исроил даст надорад.

Дар он ҳамла рӯзи 7-уми октябри имсол 1400 кас кушта шуда, 240 кас гаравгон афтоданд. Ҳуҷуми Исроил ба Навори Ғазза, ки тақрибан як моҳ боз идома дорад, боис ба марги зиёда аз 9 ҳазор фаластинӣ шудааст.

Раҳбари "Ҳизбуллоҳ" дар суханронии худ ишора кард, ки хоҳони бархӯрди бузурги низомӣ бо Исроил нест, вале афзуд, ки ҳамлаҳои онҳо дар сатҳи маҳдуд идома хоҳанд дошт.

Ҳазорон нафар рӯзи ҷумъа барои тамошои суханронии телевизионии Ҳасан Насруллоҳ дар кӯчаҳои Лубнон ҷамъ омада буданд.

XS
SM
MD
LG