Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳизбуллоҳ" тасдиқ кард, ки Ҳасан Насруллоҳ кушта шудааст


Ҷавоне акси Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли “Ҳизбуллоҳ”-ро нишон медиҳад. Теҳрон, 28-уми сентябри соли 2024
Ҷавоне акси Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли “Ҳизбуллоҳ”-ро нишон медиҳад. Теҳрон, 28-уми сентябри соли 2024

Гурӯҳи ҷангҷӯйи "Ҳизбуллоҳ", ки аз сӯйи Амрико созмони террористӣ эътироф шудааст, рӯзи 28-уми сентябр дар баёнияе кушта шудани раҳбари он Ҳасан Насруллоҳро тасдиқ кард.

"Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли "Ҳизбуллоҳ", ба сафи ҳамразмони шаҳиди бузург ва ҷовидони худ бипайваст," – гуфта шудааст дар баёнияи "Ҳизбуллоҳ". Ин гурӯҳ ваъда додааст, ки бо вуҷуди марги раҳбари худ муборизаро алайҳи Исроил идома хоҳад дод.

Ҳасан Насруллоҳ беш аз сӣ сол раҳбари "Ҳизбуллоҳ" буд ва бахши аъзами ҷануби Лубнонро зери назорат дошт. Ин гурӯҳ аз ҳимояти Эрон бархӯрдор аст. Амрико онро созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо ҷиноҳ ё қаноати ҳарбии “Ҳизбуллоҳ”-ро ба феҳрасти сиёҳ ворид кардааст.

Пештар артиши Исроил иддао карда буд, ки Ҳасан Насруллоҳ дар ҳамлаҳои рӯзи 27-уми сентябр дар Бейрут кушта шуд.

Сухангӯйи арабии артиши Исроил дар шабакаи "X" навишт, ки дар ҳамлаи рӯзи 27-уми сентябр Алӣ Каркӣ, фармондеҳи ҷабҳаи ҷанубии “Ҳизбуллоҳ" ва шуморе аз фармондеҳони дигари ин гурӯҳ низ кушта шудаанд. "Паём возеҳ аст: ба ҳар касе, ки ба шаҳрвандони Исроил дар шимол, дар ҷануб ва дар ҷабҳаҳои дуртар таҳдид мекунад, хоҳем расид," -- афзуд ӯ.

Артиши Исроил рӯзи 27-уми сентябр бидуни зикри номи Ҳасан Насруллоҳ гуфт, ки бо силсилаи ҳамлаҳо қароргоҳи марказии “Ҳизбуллоҳ”-ро дар зери биноҳои истиқоматӣ дар Бейрут нишон гирифт.

Дертар расонаҳои исроилӣ хабар доданд, ки дар ин ҳамлаҳо Зайнаб, духтари Ҳасан Насруллоҳ, кушта шудааст. “Ҳизбуллоҳ” ин хабарро тасдиқ накардааст. Ҳодӣ, писари Ҳасан Насруллоҳ, дар соли 1997 дар набардҳо алайҳи нерӯҳои исроилӣ кушта шуда буд.

XS
SM
MD
LG