Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Қаҳрамон" ё "оташафрӯзи ҷанг"? Ҳасан Насруллоҳ кист?


Ҳасан Насруллоҳ
Ҳасан Насруллоҳ

Артиши Исроил 28 сентябр иддао кард, ки Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ”-ро дар ҳамлае рӯзи ҷумъа (27 сентябр) дар Бейрут куштааст. Ҳасан Насруллоҳ беш аз сӣ сол раҳбари “Ҳизбуллоҳ” буд ва бахши аъзами ҷануби Лубнонро зери назорат дошт. “Ҳизбуллоҳ” дар паёме марги Насруллоҳро тасдиқ кард.

Эрон аз гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” пуштибонӣ мекунад. Амрико як созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо ҷиноҳ ё қаноти ҳарбии “Ҳизбуллоҳ”-ро ба феҳрасти сиёҳ ворид кардаааст.

Ҳасан Насруллоҳ, рӯҳонии 64-сола, дар тӯли бештар аз сӣ соли раҳбарияш “Ҳизбуллоҳ”-ро ба нерӯи асосӣ дар Лубнон ва як ҳарифи тавонои Исроили ҳамсоя табдил дод. Дар ин муддат худаш низ яке аз чеҳраҳои қудратманд дар Ховари Миёна шуд.

Ӯ барои бисёре аз пайравони шиа дар Лубнон “қаҳрамон” аст. Дигарон як “оташафрӯзи ҷанг” медонанд, ки кишварро ба даргириҳои минтақаӣ кашидааст.

Насруллоҳ дар соли 1960 дар хонаводаи нодор дар канори ҷанубии Бейрут, пойтахти Лубнон, ба дунё омадааст. Баъд аз таҳсил дар як ҳавзаи илмия дар Ироқ, ба “Амал”, ҷунбиши шабҳинизомӣ, пайваст, ки дар пайи боло бурдани ҷойгоҳи пайравони шиа дар Лубнон буд.

Пас аз ҳамлаи Исроил ба ҷануби Лубнон дар соли 1982, дар замони ҷанги вайронгари шаҳрвандӣ, Ҳасан Насруллоҳ ба “Ҳизбуллоҳ”-и тозатаъсис пайваст. Ин рӯҳонии харизматик ва суханвари моҳир дар сафи “Ҳизбуллоҳ” зуд ба зинаҳои боло рафт. Вақте Исроил дар соли 1992 Аббос ал-Мусавӣ, раиси “Ҳизбуллоҳ”-ро кушт, дар 32-солагӣ ҷойнишини ӯ интихоб шуд.

Ҳасан Насруллоҳ бо Эрон, ки пуштибони асосии “Ҳизбуллоҳ” аст, равобити наздик барқарор кард. Бо ёрии молӣ ва сиёсии Теҳрон, гурӯҳи зери итоаташро ба як ниҳоди тавонои сиёсӣ ва низомӣ дар Лубнон ва як бозигари умда дар минтақа табдил дод.

Ҷанги “Ҳизбуллоҳ” алайҳи Исроил сабаби ҳимояти Насруллоҳ дар дохил ва беруни Лубнон шуд. Дар соли 2000, дар пайи ҳамлаҳои давомдори “Ҳизбуллоҳ”, Исроил баъди 18 сол ишғол нерӯҳои худро аз ҷануби Лубнон берун кард.

Рабуда шудани ду сарбози исроилӣ аз сӯйи “Ҳизбуллоҳ” дар соли 2006 боис ба ҷанги харобиовари 34-рӯза бо Исроил гардид. Бо вуҷуди вайрониҳо ва талафоти ҷонӣ, ҷанг нуфузи “Ҳизбуллоҳ”-ро дар Лубнон ва минтақа боло бурд.

Акс аз соли 2006
Акс аз соли 2006

“Ҳизбуллоҳ”-и зери раҳбарии Ҳасан Насруллоҳ дар ҷараёни ҷанги дохилии Сурия ба мадади раисиҷумҳур Башор Асад рафта, шибҳинизомиёни зери ҳимояти Эронро дар Ироқу Яман тамрин дод ва ба гурӯҳи фаластинии “Ҳамос”, ки аз сӯйи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ эътироф шудаст, кумак кард. “Ҳизбуллоҳ” ҳамзамон дар ташкили бомбгузории маргбор ба як маркази ҷамоаи яҳудиён дар соли 1994 дар Буэнос-Айрес, пойтахти Аргентина, муттаҳам мешавад.

Ҳасан Насруллоҳ дар ду даҳаи охир дар миёни мардум бисёр кам дида шудааст. Аксар тарафдоронаш танҳо тавассути телевизор шоҳиди мошубиринҷ шудани риши як замон сиёҳаш гаштанд. Ӯ салла ё аммомаи сиёҳ бар сар бо сабаби нигарониҳои амниятӣ аксар вақт тавассути видео ва аз маконҳои махфӣ паём медиҳад.

Акс аз моҳи июли 2024
Акс аз моҳи июли 2024

Аз шурӯи ҷанг дар Ғазза дар моҳи октябри соли 2023, “Ҳизбуллоҳ” ва Исроил пайваста ба якдигар ҳамла мекунанд. Созмони Насруллоҳ дар моҳҳои охир дучори шикастҳои бузург шуд. Исроил аъзои калидии “Ҳизбуллоҳ”-ро кушта, як бахши муҳими арсеналҳои низомии онро хунсо ва иртиботашро қатъ кард.

Ӯ дар пайи ҳамлаҳои эҳтимолии Исроил ба дастгоҳҳои мухобиротие, ки аъзои “Ҳизбуллоҳ” истифода мебаранд, ба Исроил ҳушдор дода буд, ки сазояшро хоҳад дод. Ин паёми Ҳасан Насруллоҳ рӯзи 19-уми сентябр садо дод. Артиши Исроил рӯзи 28-уми сентябр эълон кард, ки рӯзе пеш ӯ ва шуморе аз фармондеҳони "Ҳизбуллоҳ" дар Бейрут кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG