“Бигзор фаҳманд, ки бегуноҳем.” Муҳлати ҳабси 4 гумонбари дигари ҳамла ба “Крокус” дароз шуд

Исроил Исломов ва писаронаш Аминҷону Диловар. Додгоҳи Басманний, 17-уми майи 2024

Додгоҳи ноҳияи Басманнийи Маскав рӯзи 21-уми август муҳлати ҳабси Исроил Исломови 62-сола аз Тоҷикистон ва писаронаш Аминҷону Диловарро, ки дар пайванд ба ҳодисаи "Крокус" дастгир шудаанд, 3 моҳи дигар дароз кард.

Қарори ба ин монанд нисбат ба шаҳрванди Қирғизистон Алишер Қосимов содир шуд. Ӯ низ дар пайванд ба ҳодисаи “Крокус” дар боздошт аст. Бо қарори Додгоҳи Басманний, ин чор нафар то 22-юми ноябри имсол дар Боздоштгоҳ мемонанд. Бино ба навиштаи хабаргузории давлатии “ТАСС”, Додгоҳ қарор кардааст, ки мурофиа паси дарҳои баста гузарад.

Додрас Борис Сафарин гуфтааст: “Аз шахсоне, ки дар парванда ширкат надоранд, хоҳиш мекунем, ки толорро тарк кунанд.” Гумонбарон ва вакили онҳо ба тасмими берун кардани хабарнигорон аз толори мурофиа эътироз кардаанд. Алишер Қосимов, яке аз гумонздаҳо, фарёд задааст, ки “Бигзор бидонанд, ки мо бегуноҳем”.

Номи ин чаҳор нафар дар рӯйхати шахсони муттаҳам ба терроризм ва ифротгароӣ дар Русия сабт шудааст. Кумитаи тафтишотии Русия ба ин бовар аст, ки онҳо дар ҳамла ба толори мусиқии “Крокус” нақш доштанд.

Мақомоти Русия мегӯянд, Аминҷон Исломови 33-сола, зодаи Тоҷикистон, соҳиби охирини мошине аст, ки дар ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити" истифода шудааст. Ба нақли онҳо, мошинро ба гумонбарони ҳамла бародари ӯ, Диловар Исломови 24-сола, фурӯхтааст.

Падару писарон Исломовҳо гуфтаанд, гуноҳ надоранд ва дар охири моҳи март аз додгоҳ хоста буданд, ки қарорашро дар бораи ҳабси онҳо бозибнӣ кунад, аммо рад шуд.

Ба ин тартиб, бо қарори Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав дар умум муҳлати ҳабси 11 зодаи Тоҷикистон, ки ба ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл" дар Русия гумонзад ҳастанд, дароз шуд. Дафтари матбуоти Додгоҳ рӯзи 19-уми август аз тамдиди муҳлати боздошти Лутфуллои Назирмад, Ҷумъахон Қурбонов, Ёқубҷон Юсуфзода ва Муҳаммад Шарифзода хабар дода буд. Аз ин пештар муҳлати ҳабси Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Муродалӣ Раҷабализода ва Шамсидини Фаридунро то моҳи ноябр дароз карданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Муҳлати ҳабси Лутфуллои Назримад ва се тоҷики дигар дар Русия дароз шуд

Ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав дар шаби 22-юми марти имсол сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд. То кунун беш аз даҳ нафар, бо гумони даст доштан дар ин ҳамла ба ҳабс гирифта шудаанд.

Шиканҷаи ошкори боздоштшудаҳо дар рӯзҳои аввали боздошт сару садои зиёде ба по карда буд. Чанд шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ба зидди қарори додгоҳ шикоят карда, худро расман бегуноҳ донистанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Гӯши бурида ва рӯйҳои вараму сиёҳи боздоштшудаҳо баёнгари чист?

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пас аз ин ҳамла муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфт ва вазъашон бадтар шуд. Ҷониби Русия санҷиши муҳоҷиронро муваққатӣ ва чораи пешгирӣ аз терроризм номид. Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хоста буд, бе зарурат ба Русия нараванд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Қарори нави додгоҳ дар бораи 4 тоҷики гумонбари ҳамла ба "Крокус" Кашмакаши Далерҷон Мирзоев бо посбони зиндон дар МаскавИхроҷи даҳҳо муҳоҷири тоҷик аз фурудгоҳи "Шереметево"Бастрикин дар мисоли ҳамлагарони “Крокус” аз бозгардони ҳукми қатл тарафдорӣ кард"Шиносномаву телефонро мегиранд, соатҳо месанҷанд." Мушкили тоҷикон дар марзи Русия