Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори нави додгоҳ дар бораи 4 тоҷики гумонбари ҳамла ба "Крокус"


Муҳаммадсобир Файзов, Фаридуни Шамсиддин, Саидакрам Раҷабализода ва Далерҷон Мирзоев. Акс аз моҳи майи соли 2024
Муҳаммадсобир Файзов, Фаридуни Шамсиддин, Саидакрам Раҷабализода ва Далерҷон Мирзоев. Акс аз моҳи майи соли 2024

Додгоҳи Басманнии Маскав бо дархости Кумитаи тафтишотӣ, муҳлати ҳабси 4 зодаи Тоҷикистонро 3 моҳи дигар дароз кард. Ин афрод дар ҳамла ба толори "Крокус Ситӣ" гумонбар ҳастанд. Вале то ҳоло далелҳои раднопазири ширкати онҳо дар ҳамла пешниҳод нашудаанд.

Хадамоти матбуоти додгоҳҳои умумии Маскав 16-уми август хабар дод, ки Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Муродалӣ Раҷабализода ва Шамсидини Фаридун то 22-юми ноябр дар ҳабс мемонанд.

Ҳамла ба "Крокус Сити " дар наздикии Маскав дар шаби 22-юми марти имсол сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд. Чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон дар содир кардани он муттаҳам мебошанд, ҳарчанд шубҳа дар ин бора бисёр зиёд аст. Бахусус шиканҷаи гумонбарон, аз ҷумла, буридани гӯши яке гумонбарон, интиқоди ҳомиёни ҳуқуқро ба миён овард.

Бар асоси ин парванда, дар маҷмуъ 18 нафар боздошт шудаанд. Дувоздаҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон.

Наздикони чанде аз онҳо дар Тоҷикистон ба иттиҳоми эълоншуда бовар надоранд. Худи онҳо низ хоҳони бозбинии парванда шуданд, аммо посухи мусбат нагирифтанд. То ин дам мақомоти Русия далеле пешниҳод накардаанд, ки даст доштани зодагони Тоҷикистонро дар ҳамла исбот кунад. Шубҳаҳо дар бораи ин ҳодиса зиёд аст ва мақомоти Русия ба ҳеч кадоми онҳо посухи рӯшан надодаанд.

Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт, вале баъзе аз мансабдорони Русия ангушти иттиҳомро ба тарафи Украина дароз карданд. Киев даст доштанашро дар ҳодиса инкор кард.

Муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, пас аз ҳамла санҷишу боздошт ва ихроҷ афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфтааст. Ҷониби Русия санҷиши муҳоҷиронро муваққатӣ ва чораи пешгирӣ аз терроризм номид. Мақомоти Тоҷикистон моҳи майи имсол аз шаҳрвандон хостаанд, бе зарурат ба Русия нараванд.

XS
SM
MD
LG