Назира Холиқова ҳодисаи дар зиндон танбеҳ гирифтанашро ба ёд меорад. 17 соли умри вай дар пушти панҷара сипарӣ шудааст. Ҳоло 62 сол дорад ва модари як фарзанд аст. Аз як маҳбаси Тоҷикистон то зиндонӣ Қирғизистон, талоши интиқол ва истифодаи маводи мухаддир - зиндагии пурмоҷарое доштааст.
“Зиндагӣ мушкил буд. Якум бор баъзеҳо гуфтанд, ки ҳамин чиз (маводи мухаддир)-ро Русияба баред, пул медиҳем. Ман пулро дида розӣ шудам ва наркотикро гирифта рафтам. Якум бор хуб гузашт. Дуюм бор қапиданд”.
Барои талоши интиқоли маводи мухаддир бори аввал дар Тоҷикистон ва бори дуюм як сол баъди озод шуданаш ба мӯҳлати 12 сол дар Қирғизистон маҳкум ба зиндон шудааст. Худаш мегӯяд, баъди марги шавҳар бо як фарзанд танҳо мондаву барои дарёфти пул ба ин роҳ рафт ва ба даст афтод. Мегӯяд, аксар заноне, ки дар маҳбас бо ӯ буданд, бо ҷурми интиқоли маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.
“Баъд аз як сол боз бо маводи мухаддир дар Қирғизистон ба даст афтодам. Аз ин ҷо гузаштам. Як кило бояд Русия мебурдам. Агар саг набуд, ба даст намеафтодам. Саг ёфт. Зиндонӣ шудам. Ба ман 12 солу 6 моҳ доданд. Баъд аз 4 моҳ маро аз Ош ба Бишкек фиристоданд.”
Аз зиндони Қирғизистон, ки 9 сол он ҷо адои ҷазо кард, хотираҳои зиёд дорад. Ба нақли ӯ, зиндагии занон дар маҳбаси ду кишвар аз ҳам фарқ доштааст. Яке аз ин тафовутҳо ҳам ин будааст, ки дар Қирғизистон созмонҳои ҳуқуқи башар барои дидору мулоқот бо зиндониён меомадаанд.
“Дар Тоҷикистон рӯзе тафтиш шаш бор бошад, дар Қирғизистон се бор - саҳару пешин ва шаб аст. Дар Тоҷикистон барои занҳои зиндонӣ кор фақат дӯзандагӣ аст. Дар Қирғистон дӯзандагӣ, хишткунӣ, нону ширинипазӣ, боз корхонаи истеҳсоли коғази ташноб буд. Он ҷо бисёр созмонҳо – ОБСЕ, Салиби сурх омада хабар мегирифтанд. Дар Тоҷикистон, масалан, маҳбаси занона бештар либоси низомӣ омода мекард. Он ҷо фақат фармоиш мегирифтанд, барои ҳама. Ҳуқуқшинос доштанд, таҷрибаи кориро ҳисоб мекард. Яъне ман он ҷо агар 9 сол шиштам, бо таҷрибаи 9 солаи корӣ ба озодӣ баромадам.”
Бори охир соли 2019 аз зиндон берун шуд ва бо нияте, ки зиндагиашро аз нав бисозад дар ҷустуҷӯи кор аз рӯйи ихтисосаш шуд. Ӯ дипломи меъмор ва сохтмончиро дорад. Дар нахустин муроҷиаташ ба як ширкат посухи рад гирифт.
“(Баъди зиндон) ба кор намегиранд. Соли 2019 ман, ки архитектор ҳастам ва метавонам тарҳи биноро бикашам, муроҷиат кардам. Гуфтанд “мо занҳоро кор намегирем, вале тасвири биноро хушрӯ кашида диҳед, пулашро медиҳем”. Дидам, ки аксар мӯҳраш сохтмонӣ нест, гуфтам фардо вай бино афтад, ман дар бало мемонам ва не гуфтам. Фаррошиамро карда гаштаам”.
Мегӯяд, дарёфти кор барои зане, ки аз зиндон берун шудааст, хеле сахт аст. Ҳоло ин зани 62-сола бо корҳои гуногун, бештар фаррошӣ зиндагиашро пеш мебарад.
“Ҳоло ман дар иҷора мешинам. Як моҳ 600 сомонӣ медиҳам. Баъд аз ин кор ҳам соати 15:30 ба нигоҳубини ду кӯдак меравам. Тариқи сомонаи сомон.тҷ барои тоза кардани хонаҳо меравам.”
Ин зан мегӯяд, барои барнагаштани занон ба зиндон дар озодӣ барояшон бояд шароит фароҳам шавад. Вай даъватҳои СММ-ро барои фароҳам кардани шароит ва бо кор таъмин кардани занони собиқ маҳбус хеле муҳим медонад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Мисли ғулом буданд." Ҳукми раиси ширкате, ки занони тоҷикро ба Саудӣ мебурд. ВИДЕОЯк сокини Фархор ба иттиҳоми қатли хушдоманаш ба 17 сол зиндон маҳкум шуд"Ба СПИД мубтало шудам... як сол зиндонӣ карданд." ВИДЕОҶавонзане дар Фархор бо гумони қатли хушдоманаш боздошт шуд