Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мисли ғулом буданд." Ҳукми раиси ширкате, ки занони тоҷикро ба Саудӣ мебурд. ВИДЕО


Ҷамолиддин Расулов гуфтааст, ки гуноҳ надорад ва дар ҳаққаш туҳмат задаанд
Ҷамолиддин Расулов гуфтааст, ки гуноҳ надорад ва дар ҳаққаш туҳмат задаанд

Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҷамолиддин Расулов, раиси собиқи ширкати “Ҷамол-2012”-ро ба гуноҳи қочоқи инсон ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ба 12 сол зиндон маҳкум кардааст.

Ширкати мазкур пештар шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор ба Арабистони Саудӣ мефиристод. Ҷамолиддин Расулов дар мурофиаҳои додгоҳӣ иттиҳомҳоро рад карда, дар ҳаққаш туҳмат хондааст.

Ҳукм моҳи апрели имсол содир шудааст ва ба қавли Зуҳро Муборова, вакили мудофеи ҷабрдидаҳо, маҳкумшуда то ҳол ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят набурдааст. Зуҳро Муборова рӯзи 8-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, беш аз 20 нафар аз кори Ҷамолиддин Расулов шикоят карданд.

Ӯ афзуд: "Дар парвандаи мазкур зиёда аз 20 ҷабрдида буд, ки бисёре аз онҳоро занҳои тоҷик ташкил медиҳанд. Ҳамаи онҳоро бо тартиб додани шартномаҳои қалбакӣ, гуё маоши беҳтарин ва 8 соати корӣ ба шоҳигарии Арабистони Саудӣ фиристодааст. Мутаассифона, дар асл дигар хел. Онҳо 24 соат дар онҷо кор мекардаанд, ба монанди ғуломи хона."

Назари маҳкумшуда ва вакили мудофеи ӯ дар бораи ҳукм то ҳол маълум нест.

Видеоро дар инҷо бинед:

Марде, ки занони тоҷикро ба Саудӣ мебурд, зиндонӣ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00

Додситонии кулли Тоҷикистон соли 2017 ба зидди ширкати “Ҷамол-2012” бар асоси шикояти модаре, ки духтарашро барои кор ба Арабистони Саудӣ фиристодааст, парванда боз карда буд. Он замон Ҷамолиддин Расулов ба Радиои Озодӣ гуфт, “ба ширкати мо бисёр туҳматҳои калон карданд, ки шаҳрвандони Тоҷикиситонро дар Арабистони Саудӣ бурда, дар ҳамон ҷо мепартофта бошем.”

Зуҳро Муборова, вакили дифои ҷабрдидаҳо, гуфт, “охирин факти маълумшуда нисбат ба ширкат соли 2022 буд. Парвандаи ҷиноӣ соли 2017 боз шудааст, як маротиба бас мешавад, баъдан боз барои ҳолати нав боз шуда, хушбахтона ба итмом мерасад”.

Маълум нест, чаро парванда қатъ ва дигарбора оғоз шудааст. Дар Додгоҳи олии Тоҷикистон хоҳони номаи расмӣ барои тавзеҳи мавзуъ шуданд. Дар Додситонии кул ба Радиои Озодӣ гуфтанд, тафтишот одилона анҷом шудааст ва онҳо дар вебсайти расмии худ дар ин бора маълумот медиҳанд.

Манобеи Радиои Озодӣ, ки аз мурофиаҳои додгоҳӣ огоҳ будаанд, гуфтанд, Ҷамолиддин Расулов иттиҳомотро беасос хондааст. Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт: “То охир ба гуноҳи худ иқрор набуд ва ибрози пушаймонӣ низ накард. Ба қавли худи маҳкумшуда, ҷабрдидаҳо уҳдадориҳои худро иҷро накардаанд. Гуфт, дар ҳаққаш туҳмат шуд.”

Номи ширкати “Ҷамол-2012” дар пайи шикояти бархе сокинон борҳо ба расонаҳо роҳ ёфт. Ин ширкат соли 2012 таъсис ёфт, баъдан фаъолияташ қатъ гардид.

Қаблан бархе аз занони тоҷик бо нашри видео дар бораи сарнавишти талхи худ ҳангоми кор дар Арабистони Саудӣ, ба Радиои Озодӣ шикоят карда буданд Онҳо аз поймол шудани ҳуқуқ, соати тӯлонии кор бар ивази дастмузди ночиз ва гоҳо латукӯбу хушунат дидан, шикоят кардаанд. Ба гуфтаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, танҳо дар шаш моҳи соли гузашта дар кишвар 53 мавриди қочоқи инсон сабт шудааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG