Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як сокини Фархор ба иттиҳоми қатли хушдоманаш ба 17 сол зиндон маҳкум шуд


Як сокини ноҳияи Фархор ба иттиҳоми қатли хушдоманаш ба 17 сол зиндон маҳкум шудааст. Ҳодиса аз сӯи додситонии Фархор таҳқиқ шуда, ҳукмро додгоҳи вилояти Хатлон эълон кардааст. Умеда Шарифова, сокини деҳаи Муҳоҷирободи ҷамоати деҳоти Дарқади Фархор бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "одамкушӣ" муттаҳам мешавад.

Дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 26-уми январ дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки Умеда Шарифова рӯзи 9-уми август бо "баҳонаи ночиз" бо хушдоманаш Файзигул Олимов вориди муноқиша шуда, бо корд дар гардан, рухсора ва панҷаҳои дасташ ҳашт зарба задааст. Ба гуфтаи манбаъ, ҳодиса дар пеши чашми набераи шашсолаи Олимова сурат гирифтааст ва ин зан дар ҷойи ҳодиса ҷон бохтааст.

Қаблан ҳам манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки "сабаби куштор хушунати хонаводагист". "Ба тафтишот гуфтааст, ки гуё доим хушдоманаш ӯро ғам медодааст. Ҳамин ҳолат боиси ҷангу ҷанҷол ва боиси ба қатл расонидани хушдоман ба дасти келин шудааст",--гуфта буд ин манбаъ ба Радиои Озодӣ.

Ҳукми додгоҳ дар нисбати Умеда Шарифова рӯзи 5-уми январ эълон шуда, ӯ муҳлати ҷазои худро дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ, сипарӣ мекунад. Назари худи Умеда Шарифова ва наздиконаш ҳанӯз дар робита ба ин ҳукми додгоҳ маълум нест.

Ҳодисаҳои даст ба куштор задани келинҳо дар вилояти Хатлон ва Тоҷикистон бори аввал нест. Соли 2018 Додгоҳи вилояти Хатлон Маҳпора Ҳикматова, сокини 39-солаи деҳаи Турдишайхи ноҳияи Панҷро барои қасдан куштани аъзои хонаводаи шавҳараш 18 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Моҳи сентябри ҳамон сол Мавлуда Одилова, сокини ноҳияи Ҳамадониро барои заҳролуд кардани чанд узви хонавода боздошт карда буданд. Баъди як сол додгоҳи Кӯлоб Мавлуда Одиловаро баро қатли ҳамсару ду фарзанди хурдсолаш ба 24 соли зиндон маҳкум кард.

Коршиносон мегӯянд, бештари вақт хушунати аз ҳади зиёди хонаводагӣ келинҳоро маҷбур месозад, ки ба чунин амале даст зананд. Дар гузашта худкушии занҳои ҷавон низ сабт шуда буд, ки дар он хушдоманҳоро гунаҳкор карданд. Аз ҷумла, соли 2018 Додгоҳи ноҳияи Сангвор (Тавилдараи собиқ) Зӯҳро Ҷӯрабекова, сокини 63-солаи ин ноҳияро дар худкушии келинаш Фаризаи Хӯҷаназар гунаҳкор донист ва 5 солу 6 моҳ зиндонӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG