Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон дар ду соли ахир бисёр пешрафт кард, аммо мумкин аст, суръати рушди он ба иллати кашмакашҳо дар ҷаҳон ва сахт шудани сиёсати муҳоҷирпазирӣ дар Русия суст шавад.
Дар арзёбии нави ин муассисаи молӣ, ки ба Тоҷикистон миллиардҳо доллар кумак кардааст, аз роҳҳои беҳбуди иқтисоду зиндагии мардуми одӣ ҳам сухан рафтааст.
Дар ин арёзбӣ, ки 16-уми июл нашр шуд, гуфта мешавад, иқтисоди Тоҷикистон дар қиёс бо солҳои гузашта рушди чашмгире доштааст, ки ба коҳиши фақр дар кишвар кумак кардааст.
Муаллифони гузориши Бонки ҷаҳонӣ навиштаанд, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2023-ум 8,3 дар садро ташкил додааст ва то моҳи майи имсол иқтисоди кишвар то 8.2 дар сад тавсиа ёфтааст, ки рақами бузургест.
Сабабҳои рушди муназзами иқтисод ба қавли Бонки Ҷаҳонӣ, фурӯши тило, харҷи давлатӣ барои сохтмонҳои азим ва зербунёдҳо ва аз хориҷ бетанаффус омадани пули муҳоҷирон будааст.
Бар илова ба гуфтаи Бонки Ҷаҳонӣ ҳукумат тавонист, пеши роҳи боло рафтани нархҳоро дар кишвар бигирад ва албатта ба ин поин омадани нархи хӯрокворӣ ва сӯхт дар саросари ҷаҳон низ таъсир доштааст. Тоҷикистон маводи сӯхти зиёд ва ҳам маҳсулоти хӯрокиро аз берун ворид мекунад ва арзон шудани онҳо ба нархҳо дар дохил таъсир мерасонад.
Ояндабинии иқтисоди Тоҷикистон ин аст, ки мумкин аст, соли оянда иқтисод ба ин ҳадде, ки ҳоло ҳаст рушд накунад. Дар арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ омадааст, бо назардошти суръати сусти рушди иқтисоди шарикони тиҷоратии Тоҷикистон ба мисли Чину Қазоқистону Русия ва аз тарафи дигар суръати сусти ислоҳот, мумкин аст, то поёни имсол суръати рушди иқтисод фақат 6.6 дар садро ташкил диҳад.
Як сабаби дигар сахттар шудани сиёсати муҳоҷират дар Русия аст, ки ҷойи аслии кории шаҳрвандони Тоҷикистон аст.Моҳҳои ахир ихроҷи муҳоҷирон аз Русия зиёдтар ва қабулашон ҳам сахттар шудааст. Тақрибан рӯзе нест, ки расонаҳо дар бораи ронда шудани даҳҳо ва ё садҳо муҳоҷири тоҷик аз Русия гузориш надиҳанд ва инҳо касоне ҳастанд, ки шояд солҳо боз ба оилаҳои худ пул мефиристоданд.
Барои ҳамин коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ба ҳукумат тавсия додаанд, ки ҷиҳати кам кардани таъсири омилҳои берунӣ ислоҳоти иқтисодиро суръат бахшад ва бахусус имкон диҳад, ки ширкатҳо рақобати одилона дошта бошанд. Манзур зоҳиран рақобати носолим дар Тоҷикистон аст ва бартариву имтиёз додан ба ширкатҳое, ки гуфта мешавад, ба атрофиёни раиси ҷумҳур тааллуқ доранд.
Тавсияи дигар барои шаффоф кардани кори ширкатҳои азими давлатист, ки пайваста барои ришвахориву фасод ва зараровар буданашон танқид мешаванд. Масалан ба қавли Бонки Ҷаҳонӣ 25 ширкати азими Тоҷикистон соли 2023 бештар аз 4 миллиард сомонӣ зарар дидаанд.