"Ҳам тилоро гирифтанд, ҳам ҳабс карданд". Баҳси бепоёни сокини Суғд бо ташкилоти "Имон"

Як хонавода дар шимоли Тоҷикистон иддао дорад, ки ташкилоти амонатии қарзии хурди "Имон Интернешнл" беш аз 5 киллограм тилояшро гирифту барнагардонд ва зиёда аз ин,  додгоҳ як узви хонаводаро барои тасарруфи пулу моли ташкилот ба 11 соли зиндон маҳкум кард.

Даъвои хонавода ин аст, ки ташкилоти амонатӣ муносибати ғайриоинномавӣ нишон дода, ҳуқуқи мизоҷро поймол намуд, вале ҷониби дигар дар ҳама зинаҳои ҳуқуқӣ дастболо шуд. Масъулони "Имон Интернешнл" мегӯянд, ин баҳс дар чаҳорчӯби қонун барасӣ шуда ва ба итмом расидааст.

Хонаводаи Рауфовҳо мегӯяд, бо нияти тиҷорати бештар моҳи июни соли 2020 беш аз панҷ килограм тилои холисашонро ба ташкилоти амонатии қарзии хурди "Имон Интернешнл" ба гарав гузошта дар ивазаш 240 ҳазор доллари амрикоӣ маблағи қарз гирифтаанд.

Мадинаҷон Рауфова ва шавҳараш Муҳаммадҷон Рауфов мегӯянд, азбаски ҳаҷми тилло зиёд буд, онро тибқи муқаррарот ба номи чанд узви оила гузоштанд ва масъулони ташкилот ҳама шартномаҳоро тасдиқ кардаанд. Вале баъди тақрибан ду сол байни муштарӣ ва қарздиҳанда баҳсе сар зад, ки то ҳол идома дорад.

Мадинаҷон Рауфова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд: “Моҳи майи соли 2022, вақте барои нав кардани шартнома рафтам, онҳо гуфтанд, ки аз қабати тилои шумо камтар бижутерия баромад. Ман дарҳол ба назди раиси корхонаашон Акбаров даромадам. Он кас гуфтанд, ки "инҳо ҳамааш проблемаи мо, ягон гапу кор нест, хато шудааст, шумо оромона коратонро карда гаштан гиред". Моҳҳои июн ва июл боз ман фоизҳоро додам. Чанд бор ба бонк рафтам, тилоҳоямро нишон диҳед гуфтам, нишон надоданд. Бо баҳонаи фурӯхтан бо тилохар пулро гирифта рафтем, надоданд. "Ревизия рафта истодааст" гуфта баҳона карданд ва корро то моҳи октябр кашол доданд”.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Суғд баҳси 5 кило тило бо “Имон” поён наёфтааст

Ҳамсари ӯ Муҳаммадҷон Рауфов мегӯяд: “Мо аз соли 2010 ҳамроҳи ҳамсарам ба давлати Туркия мерафтем, барои тиҷорат. Ҳар боре мерафтем камтар тило ҳам мехаридем. Ҳамаашро ҷамъ карда ният доштем, ки ягон корхона месозем. Ин тилоҳоро ба ташкилоти "Имон" мондем. Ҳангоми мондан аз назорати мутахассисон мегузашт. Ҳамааш тило буд. Ҳамроҳаш расидҳои харидорӣ шудагиаш низ буд. Агар вай тило намебуду фикри ғараз медоштем, ба ҳаҷми ду ё дуюним миллион сомонӣ маблағ намесупоридем ба бонк”.

Моҳи октябри соли 2022 мақомоти интизомӣ Мадинаҷон Раупова ва як корманди "Имон Интернешнл"-ро дар пайванд ба ин баҳс боздошт карданд. Баъди панҷ моҳи боздошт Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Мадинаҷон Рауповаро бо иттиҳоми “Тасарруфи пулу моли ба кредит додашуда” ва “сохтакорона тайёр кардани тамғаҳои боҷи аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқат ва ё истифодаи онҳо” гунаҳкор донист ва ба мӯҳлати 11 сол равонаи зиндон кард.

Як корманди ташкилоти қарзӣ, ки ба оилаи Рауфовҳо дар ивази тилло маблағ дода буд, бо гумони “ғайриқонунӣ додани кредит” ва дигар иттиҳоми монанд ба ин бо ҳукми додгоҳ ба 12 соли ҳабс маҳкум шуд. Ҳоло ҳарду маҳкумшуда бар ивази пардохти ҷарима аз ҳабс раҳо шудаанд. Вале ин оила иддао дорад, ки "Имон Интернешнл" муқаррароти Бонки Миллиро дар муносибат бо шартномаи мизоҷ поймол кардааст.

Саволе, ки зеҳни онҳоро банд медорад, ин аст, ки чаро дар вақти қабули тилловорӣ чунин шубҳа набуду баъди ду сол ин масъала рӯ зад.

Мадинаҷон Рауфова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд: “На кушодагиашонро дидам, на тилоямро дидам ва на бижутерияро. Лекин ҳамаи айбро ба гардани ман бор карданд, ки "ту бижутерияро мондӣ" гуфта”.

Абдулатиф Абдусамадов, падари Мадинаҷон Раупова гуфт: “Судя ҳам, адвокат ҳам гуфтанд: "Ҳамон бижутерияро биёр", лекин коргари бонк наовард. Боз корро кашола карда судро ба дигар вақт гузоштанд”.

Мадинаҷон Раупова ба аксар зинаҳои ҳуқуқӣ оиди ин масъала муроҷиат кардааст ва мегӯяд муродаш ҳосил нашудааст. Акнун, ба гуфтаи ин хонавода, масъулони ташкилот дар ивази маблағҳои ҳанӯз пардохтнашуда ду ҳавлии пайвандони Муҳаммадҷон ва Мадинаҷон Рауповҳоро мехоҳанд бигиранд.

Мадинаҷон Раупова мегӯяд: “Ба 2 миллион сомонӣ квитансия (расид) дорам, ки аз ман пул гирифтаанд. Дар тули ду сол ҳамин қадар фоиз гирифтанд. 5 кило тилоямро гирифтанд. Боз ба ҷойи залог (гарав) ҳарчанд қарзашонро гирифтанд, ҳавлиҳоямонро гирифта истодаанд. Ин ғайриқонунӣ аст. Ин ҳавлиҳоро замоне гирифтанд, ки ман дар боздошт будам. Падари ману хешони шавҳарам маҷбур барои маро баровардан ҳуҷҷати хонаҳоро додаанд. Ман лекин ба ин розӣ набудам. Акнун шабу рӯз ба хонаи падарам мераванд ва ба ин ҳавлӣ меоянд. Дар ҳамаи ин ҳолат беҳуҷҷат меоянду бо экскаватор мехезонем гуфта таҳдид мекунанд”.

Масъулони ташкилоти амонатии қарзии хурди "Имон Интернешнл" дар ҷавоби расмӣ ба муроҷиати хабарнигори Радиои Озодӣ навиштаанд, ки «дар асоси санҷиши нақшавӣ норасоии амволи ба гаравгузоштаи ин қарзгирандаро ошкор карда ва ба салоҳияти мақомоти тафтишотӣ гузоштаанд». «Дар рафти мурофиаи додгоҳӣ Мадинаҷон Раупова ва кормандони ташкилот, ки нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст, зарари расонидашударо барқарор кардаанд. Айни замон, Мадинаҷон Раупова ва аъзоёни оилааш дар назди "Имон Интернешнл" қарз надоранд», омадааст дар идомаи нома.

Баҳси бонкҳои қарздиҳанда ва амонатгузории Тоҷикистон бо мизоҷонаш масъалаи нав нест. Дар пайванд ба ин даҳҳо шаҳрвандони корафтода аз ноадолатӣ ва риоя накардани шартномаи додугирифт нисбати бонкҳо ба мақомотҳои зидахл муроҷиат мекунанд.

Аммо ба гуфтаи онҳо, на ҳамеша метавонанд, ки ҳаққи худро барқарор кунанд. Коршиносони соҳа исрор меварзанд, ки бояд маърифати иқсодии сокинон боло бурда шавад, то чунин мушкилот сар назанад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Як роҳи интиқоли пул ба Тоҷикистон маҳдуд шуд Гапи Озод: Зани тоҷик аз ночорӣ ба муҳоҷират меравад ё бо сабабҳои дигар? ВИДЕОБонки миллии Тоҷикистон бонкҳои "низомсоз"-ро эълон кардХаридани асбоби мусиқӣ – иҷозат. "Алиф" баъзе маҳдудиятҳоро бекор кард