Бонки "Алиф" харидани асбобҳои мусиқиро бо истифода аз кортҳояш иҷозат дод.
Бонки Миллии Тоҷикистон рӯзи 22-юми апрел бо нашри изҳороте гуфт, дар пайи норозигии баъзе аз сокинон, "Алиф" чанде аз маҳдудиятҳоро дар истифодаи кортҳояш аз байн бурд.
Аз ҷумла, истифодаи кортҳои ин бонк барои харидани фортепиано, нотаҳо, истифода аз хадамоти гуруҳҳои оркестрӣ, ҳунармандон, фурӯши суғуртаҳо ва маҳсулоти динӣ имконпазир хоҳад буд.
Масъулони "Алиф" чанде пеш эълон карданд, ки ба зудӣ ба тарзи бонкдории исломӣ мегузаранд ва истифодаи кортҳо барои пардохти баъзе аз хадамот, аз ҷумла харидани шаробу асбоби мусиқӣ ва рафтан ба клубҳои шабона маҳдуд хоҳад шуд.
Эълони бонк боиси баҳсу эътирозҳо шуд. Баъзе аз он пуштибонӣ карданд, аммо иддае хилофи низоми дунявӣ донистанд.
Бонки Миллӣ мегӯяд, рӯзи 20-уми апрел аз масъулони "Алиф" барои ҷорӣ кардани ин маҳдудият далел хост. Масъулони бонк дар номаи ҷавобӣ гуфтаанд, баъзе аз пешниҳодҳои худро бознигарӣ карда, риояи баъзе маҳдудиятҳоро "ба зиммаи худи мизоҷон гузоштанд", "чун таъмини назорати ҳамаҷониба ғайриимкон аст".
Ба иттилои Бонкӣ Миллӣ то имрӯз дар кишвар як бонки исломӣ “Тавҳидбонк” фаъол аст. Инчунин, соли 2020 созмони “Ҳумо” ва “Имон” барои ба роҳ мондани фаъолияти бонкдории исломӣ тавассути “Равзанаи бонкии исломӣ” иҷоза гирифтаанд.