Баъди таҳрим шудани "Юнистрим" аз сӯи ИМА, бонкҳои калонтарини Тоҷикистон кор бо ин низоми интиқоли маблағро маҳдуд кардаанд.
Рӯзи 26-уми июл дар чанд бонки Тоҷикистон аз ҷумла Амонатбонк, Эсхата, Арванд, Спитамен, Алиф, ташкилотҳои қарзии Ҳумо ва Имон интернешнл гуфтанд, интиқоли доллар ва евро ба воситаи "Юнистрим" қатъ шудааст. Масъулони ин бонкҳо гуфтанд, феълан ба воситаи низоми "Юнистрим" танҳо рубли русӣ интиқол медиҳанд.
Дар маркази кор бо муштариёни Амонатбонк гуфтанд, агар аз хориҷ ба Тоҷикистон ба воситаи "Юнистрим" маблағ фиристанд, онро пардохт мекунанд, вале аз Тоҷикистон ба воситаи ин низом маблағ намефиристанд.
Масъулони Бонки "Алиф" гуфтанд, ба ҷойи низоми "Юнистрим" метавонанд ба кишварҳои аврупоӣ тариқи низоми "Вестер Юнион" маблағ фиристанд, аммо ҳаҷми маблағи интиқолшуда маҳдуд аст. "Шаҳрвандони Тоҷикистон ба воситаи низоми "Вестер Юнион" рӯзона то 400 доллар фиристода метавонанд ва ҳаққи хизмати бонк 34 доллар мешавад,"-гуфтанд дар Бонки Алиф.
Бонкҳои тиҷоратӣ дар ҳоле интиқоли маблағ тариқи низоми “Юнистрим”-ро маҳдуд мекунанд, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар ин бора расман чизе нагуфтааст.
"Юнистрим" - яке аз низомҳои маъруфи интиқоли маблағ аз Русия ба кишварҳои пасошӯравӣ аст. Ин низом бо бештар аз 30 кишвари дунё кор мекард. Он бештар барои муҳоҷирони меҳнатӣ ошно аст, ки барои хонаводаҳояшон аз Русия тавассути он маблағ интиқол медиҳанд.
Рӯзи 20 июл низоми "Юнистрим" аз сӯи ИМА таҳрим шуд. Дар пайи эълони Вазорати молияи Амрико, расонаҳо навиштанд ду бонки Узбекистон, шаш бонки Қирғизистон ва чаҳор бонки Арманистон ҳамкориро бо низоми пардохти русиягии "Юнистрим"-ро қатъ карданд. Масъулони "Юнистрим" гуфтанд, ба интиқоли маблағҳо дар Узбекистон идома медиҳанд.
Баъди таҷовузи Русия ба хоки Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи ширкатҳои русӣ ва бонкҳо таҳримҳои сахт ҷорӣ кардаанд. Аз ҷумла бисёре аз бонкҳои Русияро аз низоми SWIFT берун карданд.
Гуфтугӯ