Бонки миллии Тоҷикистон рӯйхати бонкҳои, ба қавли масъулонаш, "низомсоз"-и кишварро барои соли 2023 муайян кардааст. Ин феҳраст соле як бор таҳия мешавад.
Ба ин тартиб, дар рӯйхати нав "Амонатбонк", "Ориёнбонк" ва "Эсхата" бонкҳои низомсози Тоҷикистон номбар шуданд. Бонки аввал давлатист. "Ориёнбонк"-ро Ҳасан Асадуллозода, яке аз пайвандони раиси ҷумҳури Тоҷикистон, раҳбарӣ дорад.
Ҳамзамон бо қарори раёсати Бонки миллӣ дар феҳрасти ташкилоти қарзии эҳтимолӣ барои соли 2023 созмони "Имон Интернешнл" зикр шудааст.
Дар гузашта "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк"-ро бонкҳои низомсози Тоҷикистон ном мебурданд. Ҳарду бонк чанд сол пеш муфлис ва барҳам дода шуданд.