Ҳолати изтирорӣ дар Воронежи Русия

Дар паи ҳамлаи эҳтимолии бесарнишини украинӣ, дар як қисме аз вилояти Воронежи Русия ҳолати изтирорӣ ҷорӣ шудааст.

Ҳолати изтирорӣ дар Воронежи Русия

Дар паи ҳамлаи эҳтимолии бесарнишини украинӣ, дар як қисме аз вилояти Воронежи Русия ҳолати изтирорӣ ҷорӣ шудааст. Ин минтақа бо Украина ҳамсарҳад мебошад. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ҳамлаи паҳпод ё бесарнишине ба як анбори силоҳ сабаби сар задани сӯхтор шудааст.

Волии Воронеж Александр Гусев гуфт, ки паҳподҳои украинӣ бо системаи дифои зиддимушакӣ безарар гардонида шуданд ва дар паи ба анбор афтодани боқимондаҳои онҳо шабонгоҳ анбори силоҳи воқеъ дар ноҳияи Подгоренский оташ гирифт.

Дар наворҳои видеоие, ки ба Телеграм роҳ ёфтааст, дида мешавад, ки дастикам як паҳпод ба анбор мезанад ва дар паяш садои чандин таркиш ба гӯш расида, дуди ғализи сиёҳе ба ҳаво мепечад.

Гусев гуфт, ки феълан ҳеҷ хабаре аз эҳтимоли талафоти ҷонӣ вуҷуд надорад. Чанд соат баъдаш ӯ гуфт, ки дар маҳалли сӯхтор ҳолати изтирорӣ ҷорӣ мекунад, вале исми онро ба забон наовард.

Тибқи гузоришҳо, роҳҳое, ки ба самти анбор мебаранд, баста шуда мақомот ба берун бурдани сокинони маҳаллӣ ва ба қароргоҳҳои муваққатӣ ҷой додани онҳо шурӯъ кардаанд.

Дар Украина давоми чандин моҳи ахир дар паи ҳамлаи паҳподҳои русӣ зербиноҳои энерживу маданиаш аз кор баромадаанд ва дар посух ба ин ҳамлаҳо Киев муассисаҳои саноатӣ, асосан анборҳои нафту бензини Русияро ҳадаф қарор медиҳад, чун онҳоро бо ҳадафҳои низомӣ истифода мекунанд.

Рӯзи 7 июл хадамоти ҷосусии Украина (ГУР) бо нашри паёме дар шабакаи Телеграм иддао кард, ки кормандони он як рӯз пеш як анбори муҳимоти танку силоҳро дар Дебалтсево, ки дар минтақаи ишғолшудаи Донетск ҷойгир аст, зарба задаанд. ГУР иддао кард, ки як истгоҳи пахши мавҷҳои мухобиротиро ҳам дар Новолуҳански ишғолшуда хароб кардаанд. Тасдиқи ин хабар тавассути манобеи мустақил имкон надорад.

Дар як изҳороти ҷудогона рӯзи 7 июл Нирӯҳои ҳавоии Украина гуфтанд, ки дар як рӯзи гузашта аз чандин ҳамлаи паҳподҳои Русия ҷилавгирӣ карданд. Ба гузориши ин идора, “душман бо 2 мушаки баллистикии “Искандар-М” ва 13 паҳподи “Шаҳид” ҳамла кард” ва 13 паҳпод дар минтақаҳои Кировоҳрад, Харкив, Суми ва Полтава суқут дода шуд.

Вазорати дифои Русия дар ин байн тавассути Телеграм каналаш гуфт, ки мушакҳои “Искандар”-аш он системаҳои мушакии замин ба ҳавои “Патриот” ва истгоҳҳои радарҳои “Жираф”-ро дар минтақаи Одесса нобуд кардаанд. Тасдиқи дурустии ин иддао тавассути манбаъҳои мустақил имкон надорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Виктор Орбанро барои мулоқот бо Владимир Путин танқид кардандНеруҳои Украина мегӯянд, 24 паҳподи Русияро нобуд кардандЗеленский: ИМА ва Чин барои сулҳ бояд ихтилофи назарро канор гузоранд