Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Неруҳои Украина мегӯянд, 24 паҳподи Русияро нобуд карданд


Оқибати ҳамла ба шаҳри Селдово дар Донетск
Оқибати ҳамла ба шаҳри Селдово дар Донетск

Фармондеҳони Украина гуфтанд, ҳамлаҳои даҳҳо дрон ва ё паҳподҳои неруҳои Русияро рафъ ва онҳоро нобуд карданд. Ба қавли онҳо, Русия субҳи 6-уми июл ба 12 вилоят ҳамла карданд.

Дар баёнияи неруҳои ҳавоии Украина дар Телеграм, омадааст, “Шаби 6-уми июл душман бо 27 паҳподи Шаҳид зарба зад, аммо ба системаи дифои ҳавоии мо муяссар шуд, 24 дронро нобуд кунад.”

Як мақоми вилояти Суми дар шимоли Киев гуфт, ки дронҳои Русия сабаби қатъи нерӯи барқ ба шабакаҳои обрасонӣ дар вилоят шудаанд ва мардум ҳам барои муддате аз об маҳрум монданд.

Рӯзи 5-уми июл неруҳои Русия бо мушакҳои идорашаванда ба шаҳри Селидове дар вилояти Донетск зарба зада, дасти кам 5 нафарро куштаанд ва 8 тани дигарро маҷруҳ кардаанд. Дар ин бора Вадим Филашкин, як мақоми рапсмии вилоят хабар додааст.

Айни замон як мақоми Русия дар вилояти Краснодар гуфт, ки дар натиҷаи ҳамлаи Украина бо дрон, ду анбори нафт дар вилоят оташ гирифта ва як мавҷгири телефонӣ осеб дидааст.

XS
SM
MD
LG