Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виктор Орбанро барои мулоқот бо Владимир Путин танқид карданд


Виктор Орбан ва Владимир Путин дар шаҳри Маскав.
Виктор Орбан ва Владимир Путин дар шаҳри Маскав.

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо, нахуствазири Маҷористонро барои сафар ба Маскав ва мулоқот бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия сахт танқид карданд.

Онҳо рӯзи 5-уми июл гуфтанд, Виктор Орбан бо “даст додан ба диктатори хунхор” ва истифода аз раҳбарии муваққатӣ дар Шӯрои Аврупо мехоҳад, “сардаргумӣ бикорад”. Виктор Орбан, ки бо сиёсатҳо ва тарафдориаш аз Русия, мақомоти Иттиҳоди Аврупо ва Украинаро асабонӣ кардааст, гуфт, ки барои мусоидат ба поён додан ба ҷанги Русия дар Украина ба Маскав рафтааст.

Мақомоти ғарбӣ ва Украина гуфтанд, ки Виктор Орбан аз номи Иттиҳоди Аврупо ва Киев суҳбат накунад. Кая Каллас, нахуствазири Эстония, ки қарор аст, масъули умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо шавад, рӯзи 5-уми июл гуфт, Виктор Орбан ба ҳеч ваҷҳ Иттиҳоди Аврупо ва мавзеъгириҳои онро намояндагӣ намекунад.

Ӯ гуфт, ин иттиҳод мухолифи таҷовузи Русия ва тарафдори Украина аст. Гитанас Науседа, раиси ҷумҳури Литва гуфт: “Агар шумо воқеан барои сулҳ саъй доред, пас дасти диктатори хунхорро намефишоред ва батамом барои кумак ба Украина талош мекунед.”

Пас аз мулоқот бо Владимир Путин дар Кремл, Виктор Орбан гуфт, сафари ӯ баёнгари нахустин қадам барои барқарории муколама байни тарафҳои даргир аст ва эътироф кард, ки дидгоҳҳои Киев ва Маскав аз ҳам бисёр фарқ мекунанд.

XS
SM
MD
LG