Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский: ИМА ва Чин барои сулҳ бояд ихтилофи назарро канор гузоранд


Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина.
Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина.

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфтааст, ИМА ва Чин ба хотири он ки ҷанг барои Киеву тамоми ҷаҳон одилона ба поён расад, бояд ихтилоф миёни ҳамро канор гузошта, дар гуфтугӯҳо бо Русия миёнаравӣ кунанд.

Зеленский дар суҳбат бо хабаргузории "Bloomberg" афзуда, ки Пекин бояд дар хатми ҷанг нақши калидиро бозад, зеро Маскав аз маҳсулоти содиротии он сахт вобаста мебошад. Ӯ бо суханҳои ҳамтои финландияш розӣ шудааст, ки қаблан ба "Bloomberg" гуфта буд, як занги телефонии раҳбари Чин метавонад ба ҷанги Русия зидди Украина хотима бахшад.

Президенти Украина изҳор дошта, ки дар гуфтугӯҳои эҳтимолӣ бо Русия иштироки ҳамтои русаш Владимир Путинро интизор надорад, зеро ба гуфтаи ӯ, Путин аз ширкат кардан "сахт метарсад".

Владимир Зеленский гуфт, пешниҳоди сарвазири Маҷористон Виктор Орбанро, ки хоста буд ба хотири оғоз шудани гуфтугӯҳо даргириҳо қатъ шаванд, рад кардааст.

Зеленский омодагии худро барои мулоқот бо президенти пешини ИМА Доналд Трамп ва шунидани пешниҳодҳои ӯ барои сулҳ бо Русия баён кардааст. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти Украина мехоҳанд бидонанд, ки баъди интихоботи президентии Амрико танҳо мемонанд, ё не.

Қаблан мушовири Трамп нақшаеро пешниҳод карда буд, ки Украина танҳо баъд аз оғози гуфтугӯҳо бо Русия силоҳи бештар дарёфт хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG