Бархе худи ҷавононро гунаҳкор меҳисобанд, ки аз аз таълим дур шуда, ба иллати камсаводӣ зуд ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб мешаванд. Афроде аз он нигаронанд, ки дар Тоҷикистон шароит барои дарёфти таълимоти динӣ муҳаё нест, бино бар ин, ҷавонон ба осонӣ ба таблиғоти дигар гурӯҳҳои ифротӣ бовар мекунанд.
Шаҳбон Парвозов, донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон иллати аслии ифротишавии ҷавонони тоҷикро дар бесаводии онҳо медонад. Ба қавли ӯ, дар Тоҷикистон шароит барои дарёфти илмҳои диниву дунявӣ фароҳам аст, аммо бархе ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ фирефтаи тарғибгарони ифротиён шуда, ба дом меафтанд. Ӯ мегӯяд: “Китобхонаҳо дар ҳоли фаъолият ҳастанд, марказҳои омӯзишӣ ҳаст, барои таълимоти динӣ низ имконият фароҳам аст, ҳама мавод дастрас аст. Дар мактабҳо дар синфҳои 11 таърихи дин тадрис карда мешавад. Дар донишгоҳҳо низ фанни диншиносӣ тадрис карда мешавад. Яъне, шароит фароҳам аст, аммо зиёд таваҷҷӯҳ намекунанд.”
Дар Тоҷикистон қонунгузорӣ таълими диниро иҷозат додааст. Аммо феълан дар кишвар ягон мадрасаи динӣ фаъол нест ва дарёфти таълими динӣ дар масҷиду назди рӯҳониён ва рафтани то 18-солаҳо ба масҷид манъ аст. Дар ягона Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки он ҳам дар Душанбе аст, имкони гирифтани таълими динӣ аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бархе ҷавонон маҳз маҳдудият дар дарёфти таълимоти расмии диниро яке аз сабабҳои ноогоҳии динии ҷавонон ва ифротишавии онҳо медонанд.
“Бо сабаби камбизоатӣ бисёри ҷавонон наметавонанд, ба Душанбе омада, дониши динӣ бигиранд. Хуб мешуд, агар филиалҳои Донишкадаи исломӣ дар минтақаҳо боз мешуд, ҷавонон дониши динӣ мегирифтанд ва дигар гурӯҳҳо сарашонро тоб намедоданд” гуфт, яке аз ҷавонони ҳамсуҳбати мо дар Душанбе.
Дар баробари сатҳи пасти дониши ҷавонон, вазъи начандон хуби иқтисодӣ, аз ҷумла бекорӣ аз омилҳоест, ки ба назари коршиноси динӣ Фаридун Ҳодизода, боиси рӯ овардани ҷавонон ба ифротгароӣ шудааст. Ба қавли ӯ, нақши омӯзгор дар ҷомеа бояд баланд бардошта шавад, то ҷавонон барои пайдо кардани посухи пурсишҳои худ назди онҳо раванд.
“Пешниҳоди ман ин аст, мақоми муаллимро баланд бардоштан даркор. Муаллим бояд дар шаҳр, деҳа ва маҳаллаҳо дар ҷойи аввал бошад. Мардум, агар, ба як мушкил дучор шуд назди муаллим раванд, на назди мулло. Ин чиз муҳим аст. Дар ин сурат, стратегия ҳам кор мекунад. Чунки аз муаллим онҳо дониш мегиранд ва мактаб дар он сурат мақоми муҳимро бозӣ мекунад. Мо ҳама чизро таҷриба кардем, аз соли 2022 кушиш мекунем, ки ифротишавии ҷавононро камтар кунем, аммо сол то сол зиёд шуда истодааст. Яъне дар ҷое мо нодуруст меравем” - гуфт, Фаридун Ҳодизода.
Дар Тоҷикистон чанд ниҳоди қудратӣ ва марказу идораҳои давлатӣ барои мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва пешгирӣ аз он кор мебаранд. Рӯҳониён низ ба бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷалб шудаанд, ҳарчанд нақши онҳоро коршиносон чандон муассир намедонанд ва борҳо хабарҳо аз маҳдудият дар фаъолияти рӯҳониён ҳам нашр шудааст.
Нигарониҳо аз афзоиши пайвастани ҷавонон ба гурӯҳои ифротӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо таҳияи ва қабули Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025, мехоҳад аз ифротишавии сокинон пешгирӣ кунад. Дар чаҳорчӯби ин барнома маъракаҳои тарғиботиву огоҳсозӣ ва дигар чорабиниҳоро роҳандозӣ мекунанд.
Абдуллоҳ Қодирӣ, сухангуи Маркази исломшиносии назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, “корҳои пешгирӣ аз пайвастан ва муқовимат ба гурӯҳҳои ифротӣ муассиранд”.
“Имрӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳо бевосита гурӯҳҳои корӣ сафарбар карда шудаанд. Махсусан, сохтори мо Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон ва дигар гуруҳҳои корӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо сокинон сӯҳбату мулоқотҳо мегузаронанд. Чунин вохӯриҳо, агар дар гузашта дар марказҳои ҷамоатҳо ва ноҳияву шаҳрҳо сурат мегирифт, аллакай чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ хона ба хона ва маҳал ба маҳал сурат мегирад. Ҳамчунин гуруҳҳои корӣ аз тарафи Вазорати меҳнат ва дигар сохторҳои марбута бо муҳоҷирони меҳнатии мо дар Русия мулоқоту дигар корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом медиҳанд” - афзуд, Абдуллоҳ Қодирӣ.
Номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар се ҳамлаи террористии гузашта дар қаламрави Русия, дар ҳамла ба Крокус Сити Ҳолл, Эрон, омодагӣ ба даҳшатафканӣ дар Туркия, Олмон хабарсоз шуд.
Бо таваҷҷӯҳ ба чунин ҳодисаҳо ва ҳузури тоҷикон дар сафи гурӯҳҳои террористӣ бархе коршиносон бар ин боваранд, ки мубориза ба ифрогароӣ, ё пешгирӣ аз он дар Тоҷикистон он тавре ки мақомот иддао мекунад, муваффақ набудааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар аввали моҳи март дар дидор бо руҳониён гуфт, дар се соли охир 24 тоҷикистонӣ дар 10 кишвари дунё ба амалҳои террористӣ, аз ҷумла дар анбӯҳи одамон таркондани худ, даст задаанд ва ҳоло 4075 нафар шаҳрвандони кишвар барои содир намудани амалҳои экстремистиву террористӣ дар кофтуков қарор доранд.