Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Полша барои "терроризм" дастгир шуд


Мақомоти Лаҳистон ё Полша аз боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ” (ДОИШ) хабар доданд. Аз ӯ ном бурда нашудааст.

Нашрияи “Дзиенник газета правна” навиштааст, шаҳрванди Тоҷикистон зери маълумоти дуруғ пинҳон шуда, чанд сол ба фаъолияти террористӣ машғул будааст. Ӯро ба ҳамкорӣ бо шохаи “Хуросон”-и ДОИШ ва қасди анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар кишварҳои Аврупо муттаҳам мекунанд.

Манбаъ навиштааст, шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати сурхи пулиси байналмилалии "Интерпол" буда, ӯро баъди боздошт аз Лаҳистон истирдод карданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи дастгир шудани шаҳрванди кишвар дар Лаҳистон ҳанӯз вокуниш накардаанд.

Пеш аз ин рӯзи 9-уми апрел Илҳом Сайраҳмонзода, як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар Италия дастгир шуда буд. Ӯ ҳам бо узвият дар гуруҳи ДОИШ муттаҳам шуд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, Сайраҳмонзода аз соли 2018 дар кофтукоб буд.

Дар як соли ахир шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттиҳоми терроризм ва ифротгароӣ дар Аврупо, Туркия, Эрон ва Русия дастгир шудаанд.

XS
SM
MD
LG