Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти шахсони таҳти ҷустуҷӯ. Суҳбати додситонҳои Тоҷикистону Туркия


Додситонҳои Тоҷикистон ва Туркия рӯзи 15-уми май бо ҳадафи тақвияти ҳамкорӣ дар шаҳри Душанбе "Ёддошти тафоҳум" имзо кардаанд.

Бекир Шоҳин, додситони Туркия, бо сафари корӣ дар пойтахти Тоҷикистон қарор дорад.

Мақомот гуфтанд, боздошти шаҳрвандони таҳти пайгарди Тоҷикистон дар Туркия, интиқоли маҳсубон, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, хариду фурӯши одамон ва қочоқи маводи муххадир аз мавзуъҳои асосии суҳбати ҷонибҳо буд.

Тақрибан даҳ сол пеш Туркия барои паноҳҷӯёну фаъолони тоҷик яке аз маконҳои бехатар ба ҳисоб мерафт. Барои сафар ба ин кишвар маҳдудияте вуҷуд надошт ва хатари истирдод ба ватан кам буд. Ҳоло вазъ дигар шудааст.

Тайи моҳҳои охир ба камияш ду намояндаи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ба таври мармуз дар Туркия нопадид шуданд. То ҳол дар куҷо будани онҳо маълум нест.

Сӯҳроб Зафар, раиси “Гурӯҳи 24”, ки аз соли 2014 дар Туркия мезист, моҳи марти имсол дар шаҳри Истанбул нопадид шуд. Аз ин пеш, дар моҳи феврали имсол, Насимҷон Шарифов, намояндаи 39-солаи "Гурӯҳи 24", низ дар Истанбул бедарак шудааст.

Се созмони байнулмилалӣ рӯзи 3-юми майи имсол аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки боздошти Сӯҳроб Зафар, раҳбари нопадидшудаи "Гурӯҳи 24"-ро тасдиқ карда, айни замон ӯро фавран раҳо кунанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), Кумитаи Норвежии Ҳелсинкӣ (Norwegian Helsinki Committee) ва Ҳамкории Байнулмилалӣ барои Ҳуқуқи башар (International Partnership for Human Rights) гуфтанд, ба хабари дарёфтии онҳо, Сӯҳроб Зафар ба эҳтимоли зиёд дар боздоштгоҳе дар Тоҷикистон аст ва дар онҷо шиканҷа шуда, аз хидмати пизишкон маҳрум аст.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз вокуниш накардаанд.

XS
SM
MD
LG