Дар ин бора рӯзи 17-уми май Александр Ионов, як узви Шӯрои ҳуқуқи башари Русия хабар дод. Ҳанӯз ин иттилоъро худи Лия Заурбекова ё созмони «Марем», ки ба ӯ кӯмак кардааст, хабаре надодаанд. Заурбекова рӯзи 13 май аз хонаи волидонаш фирор кард, чун ба иттилои «Марем», мавриди хушунати равониву ҷисмонӣ қарор гирифта метавонист кушта ҳам шавад. Ӯ хоҳиш кард, ки касе ӯрои дигар ҷустуҷӯ накунад.
Рӯзи панҷшанбе дар ҳавлии биное, ки духтарак аз хешонаш пинҳон шуда буд, падарашро дид ва полисро даъват кард. Хешони Заурбекова идораи полиси Маскавро, ки он ҷо духтаракро нигоҳ медоштанд, иҳота карда додани духтарро талаб намуданд. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, агар ӯро ба хешовандонаш бидиҳанд, метавонанд ӯро ба Чеченистон бурда бикушанд.
Лия Заурбекова дар як муроҷиати видеоӣ аз дохили шӯъбаи полис ба ҳомиёни ҳуқуқ нақл кард, ки вақте бори аввал мехост идораи полисро тарк кунад, ба ӯ дар пеши чашми ходимони полис ҳамла карданд. Ходимони полис аввал нахостанд Заурбековаро ҳамроҳӣ кунанд, вале баъди сару садо дар матбуот ваъда доданд, ки аз ӯ ҳимоят мекунанд. Шоми панҷшанбе созмони “Марем” гуфт, ки Заурбекова шӯъбаи корҳои дохилиро ҳамроҳ бо ходимони полис тарк карда ба як ҷои амн меравад.
Депутати Думаи давлатӣ ва мушовири раҳбари Чеченистон Адам Делимханов гуфт, ки духтаракро ба оилааш бармегардонад ва ин қазия зери назорати ӯ мебошад. Дар Чеченистон қурбониҳои хушунати хонаводагӣ бо таъқиб рӯбарӯ мешавад ва бахусус ба духтарон бисёр вақт хатари куштор аз дасти падару бародаронашон таҳдид мекунад. Моҳи апрел Кумитаи тафтишоти Русия аз рӯи парвандаи нопадидшавӣ ва куштори Седа Сулаймонова дар ним соли пеш дар Санкт-Петербург парванда боз кард.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Аз 80 то 116 зарба. Ритми мусиқии чеченҳоро назорат мекунандБа писари Рамазон Қодиров вазифаи баланд додандФарзанди дигари роҳбари Чеченистон мансаб гирифт"Таъйини ӯ ба мансабҳои гуногун ба хотири падараш аст"Писари Рамазон Қодиров "куратор"-и баталйони шайх Мансур шудаастВидеои Одам. Қодиров ситоиш кард, сухангӯи Путин шарҳ надод. ВИДЕО