Дар ҳоле ки баъзе аз намояндагони ҳукумати Русия онро ғайриқонунӣ донистанд, Дмитрий Песков, сухангӯйи Кремл, ҳодисаро шарҳ надод. Рамазон Қодиров рӯзи 25-уми сентябр гуфт, бо писараш Одам ифтихор дорад. Вай навори 5-сонияиро дар Телеграм нашр кард.
Ин ҳампаймони бераҳми президенти Русия Владимир Путин гуфт, писараш “Никита Журавелро зад ва ин кори дуруст буд”. Ба гуфтааш, бо кори Одам ифтихор мекунад, чун писараш чӣ будани “шараф, шоистагӣ ва дифоъ аз динро” хуб мефаҳмад.
Ваколатдори ҳуқуқи инсони Русия Татяна Москалкова моҳи август дар бораи латукӯб шудани Никита Журавел аз тарафи писари Қодиров хабар дода буд. Вай хост, гумонбар дар боздоштгоҳ бояд зери ҳимояти қонун бошад.
Рамазон Қодирови 46-сола, ки баъд аз кушта шудани падараш дар соли 2007 раҳбарии Чеченистонро ба уҳда гирифт, бо иҷозаи бемаҳдудияти Путин дар ин ҷумҳурии аксар мусалмоннишин қонунҳои худро ҷорӣ кардааст. Ин ҷумҳурӣ баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ шоҳиди ду ҷанги ҷудоиталабона буд.
Мӯсо Ломаев, як фаъоли чечен, гуфт, “писари Қодиров айнан ҳамон кореро мекунад, ки ҳамеша дар рафтори падараш дидааст”. Ба гуфтаи ӯ, Қодиров даст ба шиканҷаву куштор задааст ва фарзандони ӯ ҳам ҳаминро дида бузург шудаанд.
Қодиров вақтҳои охир се писари ноболиғашро таблиғ ва соли гузашта иддао кард, ки онҳоро ба ҷанги Русия алайҳи Украина сафарбар намуд, вале маълум нест то куҷо онҳо дар даргириҳо иштирок кардаанд.
Писари калониаш Аҳмад моҳи марти имсол дар Кремл бо Путин акс гирифта буд ва овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҷойгузини падар шуданаш бештар шуд.
Вақтҳои охир дар бораи гуё бад шудани саломати Қодиров ва ҳатто дар ҳолати беҳушӣ дар беморхонаи Маскав буданаш ҳам бештар шуд. Худи ӯ дар Телеграм иддао кард, ки ба аёдати амаки бемораш рафтааст.
Видеоро дар инҷо бинед: