Дарси тиҷорат ва мубориза бо фақр. Як мурғ чӣ гуна дуто шавад?

Акс аз бойгонӣ

Дар деҳаи Вахши ноҳияи Ҷайҳун гурӯҳи занону мардон барои гирифтани кумак дар навбат истодаанд. Мегӯянд, аз оилаҳои фақир ҳастанд, чун дар ҷое кор намекунанду даромад надоранд; маълуланд ва ё дастнигар.

Аммо дар инҷо ба оилаҳои эҳтиёҷманд на орду равғану биринҷ, балки ба ҳар кадоме 20 мурғ медиҳанд. Он ҳам на барои куштану хӯрдан, балки барои парвариш кардану гирифтани тухм ва ёфтани даромад.

Шарофат Ҷонмаҳмадоваи 38-сола, модари чаҳор фарзанд, яке аз онҳоест, ки дар навбат истодааст. Ӯ мегӯяд, дар ҷое кор намекунад ва вақте "Пешниҳод карданд, омадем. Муҳим фоида бошад ва зиндагӣ пеш равад. Шароити ман хуб нест, фарзандонам хурд ҳастанд, хонаҳо дуруст не."

Ин тарҳро Оҷонси рушди байнулмилалии Иёлоти Муттаҳида ё USAID дар Тоҷикистон иҷро мекунад. Пеш аз он ки ба мардум мурғ диҳанд, тарзи нигоҳубин ва зиёд кардани теъдоди онро ҳам ёд додаанд. Ҳамчунин барои ду моҳ хӯроки мурғро бепул медиҳанд.

Аноргул Гадоева, сокини 50-солаи ноҳияи Ҷайҳун, ният дорад, бар асоси тавсияи мутахассисон парвариши мурғро ба роҳ монад. Ӯ мегӯяд, барои парвариши мурғ аллакай нақшаҳое дар сар дорад:

"Инро гирифтем, ки ба зиндагӣ ёрӣ шавад. Тухми мурғро истифода мекунем. Сафи онҳоро зиёд карданӣ ҳастем. Мумкин бо парвариши ин сатҳи зиндагиамон беҳ шавад."

Дар се соли охир дар вилояти Хатлон ба тақрибан 1200 хонаводаи ниёзманд мурғ додаанд, то ҳам шуғл ёбанд ва ҳам зиндагиро бичархонанд.

Рустам Иброҳимов, маъюби гурӯҳи дуюм дар ноҳияи Ҷайҳун, соли гузашта 20 мурғ гирифта буд, ҳоло мегӯяд, шумораашон ба 50 расидааст. Тухми мурғ мефурӯшад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дарси тиҷорат ва мубориза бо фақр. Як мурғ чӣ гуна дуто шавад?

Ӯ, ки баробар бо парвариши мурғ дарси тиҷоратро ҳам азхуд мекунад, мегӯяд: "Агар истеъмол накунем, дар моҳе то 700 сомонӣ меёбем, вале мо худамон низ тухми мурғ истеъмол мекунем. Ҳозир дар як моҳ ба 200-250 сомонӣ мефурӯшем. Ин бисёр хуб аст."

Масъулони тарҳ гуфтанд, аз аввали имсол ба сесад хонаводаи ниёзманд шаш ҳазор мурғ ва 36 тонна дон доданд. Чаҳорсад хонаводаи дигар дар навбат истодаанд. Бо вуҷуди ситоиши мақомот аз пешрафтҳо дар Тоҷикистон, зиёда аз 22 дарсади аҳолӣ ҳанӯз фақиру дастнигар ҳастанд. Бекорӣ мушкили асосии онҳост.

Бархе барои дарёфти кору маош ба муҳоҷирати корӣ мераванд, дигарон ё зиндагии сахтро таҳаммул мекунанд ва ё бо мадади созмону кумакҳои иҷтимоӣ шароити худро то андозае беҳ мегардонанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Занони соҳибкор дар Тоҷикистон чӣ вазъ доранд?Дар Қирғизистон барои занону духтарон паноҳгоҳ месозандТарҳи 5-солаи рушди таҳсилоти фарогири томактабӣ дар ТоҷикистонАмрико ба кишварҳои ОМ дар мубориза бо дурӯғпароканӣ ёрӣ мекунад