Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба кишварҳои ОМ дар мубориза бо дурӯғпароканӣ ёрӣ мекунад


Саманта Пауэр
Саманта Пауэр

Дар нахустин мулоқоти вазирон дар бораи ҳамкориҳои минтақаӣ дар формати "C5+1" (кишварҳои Осиёи Марказӣ + ИМА) дар шаҳри Самарқанд лоиҳаҳои наве эълом шуданд, ки Оҷонси рушди байнулмилалии Амрико (USAID) мехоҳад, дар минтақа амалӣ намояд.

Ба иттилои хабаргузории "Газета.uz", масъули USAID Саманта Пауэр дар нишасти хабарие, ки баъди мулоқоти мазкур баргузор шуд, гуфтааст, барои рафъи монеаҳо дар роҳи рушди иқтисодӣ, бунёди низомҳои устувору сабзи энержӣ ва мубориза бо маълумоти дурӯғ дар Осиёи Марказӣ 14,3 миллион доллар маблағ ҷудо мешавад.

“Мо рӯзноманигорону мутахассисони расонаҳоро бо абзорҳо ва усулҳои зарурӣ барои муайяну нашр кардани маълумоти дақиқ муҷаҳҳаз мекунем. Ҳамчунин бо ҳукуматҳои шарик барои таҳияи сиёсатҳое кор хоҳем кард, ки пешгирӣ аз паҳншавии маълумоти дурӯғ ва фароҳам овардани муҳити танзимкунандаро ба миён меорад, то расонаҳои мустақил имкони рушдро пайдо кунанд", - изҳор доштааст Пауэр.

Ба гуфтаи ӯ, дастгирии расонаҳо, ки метавонанд бо маълумоти дурӯғ муқобилият кунанд, як ислоҳоти муҳими демократӣ аст ва чунин ислоҳот ҳамзамон ислоҳоти иқтисодӣ низ мебошад.

XS
SM
MD
LG