Дар иттилоияи сафорати Амрико дар Тоҷикистон аз 7-уми декабр омадааст, тарҳи нав ба ҳукумати Тоҷикистон кумак мерасонад, то омодагиро ба мактаб тавассути таъмини аҳолӣ бо таҳсилоти фарогир ва муосири томактабӣ беҳтар созад.
Барнома "бештар аз 200 маркази таҳсилоти томактабиро дар саросари Тоҷикистон" фаро мегирад.
Дар маросими муаррифии тарҳи нав сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер гуфт: "Барои даст ёфтан ба муваффақият ба иловаи барномаи таҳсилот корҳои дигаре ҳам заруранд. Барои ин мо бояд зарфияти ҳар кӯдакро - сарфи назар аз баромади иҷтимоияш, тавоноиҳо ва вазъияташ - бояд комилан ошкор кунем", - гуфт сафир.
Ба иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар соли 2022 дар саросари кишвар бештар аз 700 муассисаи таҳсилоти томактабӣ амал мекард.