Жанил Алибоева, муовини вазири кори Қирғизистон, дар мулоқот бо намояндагони USAID гуфтааст, ин маркази аввалин дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд.
"Занону духтарон ҳамаи хадамоти заруриро дар як ҷо дастрас хоҳанд кард, аз ҷумла хадамоти тафтишот ва ташхиси пизишкиву додгоҳӣ, инчунин ёрии ҳуқуқиву равониро", - гуфтааст Алибоева.
Мақомоти Қирғизистон ният доранд, маркази мазкурро бо мадади Созмони Милал таъсис диҳанд.
Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, дар соли 2023 дар он кишвар 13 ҳазору 104 мавриди хушунати хонаводагӣ сабт шудааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 32,6 дарсад бештар аст.