Ин ҷавон 30 сол дорад ва, ба гуфтаи ҳамсараш Бибисоро Ашӯрова, дар аввали моҳи январи имсол ба Русия рафта, "дар тақрибан се моҳи охир ягон бор на занг зад, на суроғ кард ва на пул фиристод."
"Мегӯянд, як дафъа ба бародари калониаш занг зада, гуфтааст, сиҳату саломат аст, ҷойи кораш мавҷ надорад, вақте ҷойи дуруст ёфт, занг мезанад. Мо фарзанд доштем, якеаш соли гузашта вафот карда буд," – нақл кард ӯ рӯзи 26-уми март ба хабарнигорони Радиои Озодӣ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Ҳуррият": Ду гумонбари ҳамла ба "Крокус" чанд ҳафта дар Туркия будандИн дар ҳолест, ки манобеи амниятии Туркия ба нашрияи “Ҳуррият”-и ин кишвар гуфтаанд, Саидакрам Раҷабализода 5-уми январи имсол вориди Истанбул шуд ва 2-юми март якҷо бо Фаридуни Шамсиддин, гумонбари дигари ҳамла ба "Крокус", ба Русия рафт. Фаридуни Шамсиддин ҳангоми бозпурсӣ рӯзи 23-юми март тасдиқ кард, ки аз Туркия ба Русия гузашт, вале сабаби онро убури сарҳад ва тамдиди муҳлати будубош номид.
Ин ҳам маълум нест, ки оё онҳо дар Туркия бо касе мулоқот кардаанд ё на, ҳарчанд мақомоти Туркия гуфтаанд, гумон намекунанд, ки будубоши ин афрод дар кишварашон сабаби гароиши онҳо ба ДОИШ шуда бошад.
Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз ба ин қазияҳо рӯшанӣ наандохтаанд.
"Кӯшиш дошт, ки мошин харад"
Хабарнигорони Радиои Озодӣ бори аввал рӯзи 25-уми март ба хонаи Саидакрам Раҷабализода ба шаҳри Ваҳдат рафтанд. Зодгоҳи вай дар 20-километрии Душанбе ҷойгир аст. Он замон дар хона касе набуд.
Пас аз ҳамла ба маркази "Крокус Сити Ҳолл" мақомоти қудратӣ модар, бародар, ҳамсар ва ду амаки Саидакрам Раҷабализодаро ба Душанбе бурда, танҳо баъди бозпурсӣ раҳо кардаанд. Падараш соли 2006 фавтидааст
"Моро ба мақомоти қудратии шаҳри Ваҳдат ва сипас шаҳри Душанбе бурданд ва пурсиданд," – гуфт Бибисоро Ашӯрова, ҳамсари Саидакрам Раҷабализода рӯзи 26-уми март ба хабарнигорони Радиои Озодӣ.
Саидакрам Раҷабализода то замони ба Русия рафтан дар корхонаи мебелсозӣ дар шаҳри Ваҳдат кор мекард. Ҳамсараш мегӯяд, "ӯ кӯшиш дошт як мошини “Опел” харида, дар ҳамин ҷо монад ва ба кораш идома диҳад.”
Хабарнигорони Радиои Озодӣ барои пайдо кардани маълумоти бештар ба корхонаи мебелбарории шаҳри Ваҳдат рафтанд. Як корманди ин корхона рӯзи 25-уми март гуфт, маъмурони интизомӣ ду рӯз пеш аз ҳамкорони пешинааш дар бораи Раҷабализода пурсидаанд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"То синфи 9 хондааст"
Ҳамдеҳагон ва ҳам наздиконаш гуфтанд, Раҷабализода намоз мехонд, аммо дар ягон ҷо таълими динӣ нагирифта буд. Бибисоро Ашӯрова мегӯяд, “мактаби миёнаро то синфи 9-ум хондааст. Дигар дар ягонҷо таҳсил накарда набуд. Гоҳ намоз мехонд, гоҳ намехонд.”
Дар моҳи декабри соли 2017 оиладор шуда, соли 2018 ба Русия рафта, даҳ моҳ дар онҷо истодааст. “Охири соли 2018 ӯро аз Русия ронданд ва ӯ ба Тоҷикистон баргашт ва дигар натавонист панҷ сол ба Русия баргардад,” – мегӯяд ҳамсараш.
Раҷаблизодаи 30-соларо рӯзи 24-уми март бо қарори Додгоҳи ноҳияи Басманнийи шаҳри Маскав барои ду моҳ ба ҳабс гирифтанд. Пеш аз ин дар шабакаҳои наздик ба мақомоти қудратии Русия навори шиканҷаи ӯ пахш шуд.
Дар видео дида мешавад, ки гӯши ин шаҳрванди Тоҷикистонро бурида, ба даҳонаш гузошта, маҷбур кардаанд, ки онро фурӯ барад. Ба навиштаи “Фонтанка”, ин наворро шабакаҳои наздик ба гуруҳи зархариди “Вагнер” пахш кардаанд. Саидакрам Раҷабализода дар додгоҳ гуфт, ки ёд надорад кай ва дар куҷои Русия номнавис шудаааст.
"Мо аз боздошти ӯ дарак надоштем. Рӯзи якшанбе мақомот ин хабарро ба мо расонданд. Ин “подстава” набошад, шавҳари ман аз куҷо ба онҷо меравад? Шавҳари ман мурғ кушта наметавонад, агар ягон гуноҳ мекард, медидам. Мо ҳафт сол зиндагии якҷоя дорем," – гуфт Бибисоро Ашӯрова.
Ҳабсу боздоштҳо пас аз ҳамла
Саидакрам Раҷабализода, Далерҷон Мирзоев, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзовро рӯзи 24-уми март ба амали террористӣ дар наздикии Маскав муттаҳам карданд. Ҳамла шоми 22-юми март сурат гирифт.
Додгоҳи ноҳияи Басманний рӯзи 25-уми март номи се нафари дигарро дар пайванд ба ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл” эълон кард. Аз онҳо Аминҷон Исломов, Диловар Исломов ва Исроил Исломов ном бурдаанд.
Номи падарии ду нафари онҳо "Исроилович" гуфта шудааст. Додгоҳ муносибати хешутабории се нафарро шарҳ надодааст, вале зоҳиран падаре бо ду писараш боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
Рӯзи 26-уми март Додгоҳи Басманнийи Маскав Алишер Қосимовро аз Қирғизистон низ ба иттиҳоми амали террористӣ ба ҳабс гирифт.