Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳуррият": Ду гумонбари ҳамла ба "Крокус" чанд ҳафта дар Туркия буданд


Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав
Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав

Нашрияи туркии "Ҳуррият" аз қавли манбаъҳояш дар сохторҳои амниятии Туркия навишт, ки камаш ду гумонбари ҳамла ба “Крокус”-и Маскав чанд ҳафта дар Истанбул буданд, вале эҳтимоли ба ақидаҳои ифротӣ гаравидани онҳо камтар аст.

Мақомоти Туркия рӯзи 26-уми март ва баъд аз санҷиши маълумот аз онҳо Саидакрам Раҷабализода (Муродалӣ) ва Фаридуни Шамсиддин ном бурдаанд.

Таҳқиқи онҳо нишон додааст, ки ин ду шаҳрванди Тоҷикистон чанд ҳафта дар Истанбул буданд ва "ин мӯҳлат барои ифротгаро шудани як шахс кофӣ нест".

Нашрия рӯзи 26-уми март навиштааст, Саидакрам Раҷабализода рӯзи 5-уми январ ва Фаридуни Шамсиддин 20-уми феврал ба Истанбул рафтанд. Онҳо дар як ҳавопаймо рӯзи 2-юми март ба Маскав парвоз кардаанд.

"Ҳуррият" навиштааст, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин ҳангоми дар Истанбул будан дар меҳмонхонаҳои гуногун қарор дошта, акси худро ҳам дар шабакаҳо нашр карданд.

Фаридуни Шамсиддин дар бозпурсии рӯзи 23-юми март гуфтааст, ки барои санадҳояш бояд аз Маскав берун мешуд ва аз ин рӯ ба Истанбул рафту баргашт.

Маълум нест, ки оё онҳо дар Туркия бо касе мулоқот кардаанд ё на, ҳарчанд мақомоти Туркия гуфтаанд, гумон намекунанд, ки будубоши ин афрод дар кишварашон сабаби гароиши онҳо ба ДОИШ шуда бошад.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз ба ин қазияҳо рӯшанӣ наандохтаанд.

Ҳамла ба “Крокус Сити Ҳолл” дар наздикии Маскав шаби 22-юми март рӯй дод. Ба иттилои мақомоти Русия дар ин ҳодиса 139 нафар кушта ва тақрибан дусад кас захмӣ шудаанд.

Кумитаи тафтишотии Русия то кунун дар бораи боздошти 11 кас гузориш додааст. Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзҳои 24, 25 ва 26-уми март ҳашт нафарро то охири моҳи майи имсол ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ҳафт нафари онҳо зодаи Тоҷикистон ва як нафар аз Қирғизистон аст.

XS
SM
MD
LG