Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ҳодисаи "Крокус"-ро дар Русия "нангин" хонд


Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, 25-уми марти 2024
Эмомалӣ Раҳмон, Душанбе, 25-уми марти 2024

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи маргборро ба толори мусиқии "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав "ҳодисаи нангину даҳшатнок" хонд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25-уми март ҳангоми суханронӣ дар ҷашни асосии Наврӯз дар Душанбе гуфт, "ин ҳодиса бори дигар ҳушдор медиҳад, ки ҳар падару модар ба тарбияи фарзандон эътибори боз ҳам ҷиддӣ диҳанд."

Аммо ӯ дар бораи боздошт ва ҳабси камаш ҳафти зодаи Тоҷикистон дар пайванд ба ҳамлаи маргбор дар Русия лаб накушод. Ҳарчанд "вазъи ноороми ҷаҳони имрӯза, таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла торафт густариш ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ"-ро такрор кард.

"Мо бояд наврасону ҷавононро аз таъсири чунин гурӯҳу ҳаракатҳои харобкору даҳшатафкан эмин нигоҳ дорем ва нагузорем, ки фарзандони мо ба номи неки миллати тоҷик, давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва падару модари худ иснод оваранд," – илова кард ӯ.

Ҳамла ба толори мусиқии “Крокус Сити Ҳолл” дар канори Маскав шаби 22-юми март рӯй дод. Ба иттилои мақомоти Русия 137 нафар кушта ва тақрибан дусад кас захмӣ шудаанд.

То ин дам ҳафт зодаи Тоҷикистонро дар Русия ба гумони даст доштан дар ҳодиса дастгир карда, ба ҳабси пешакӣ гирифтанд. Боздошту бозпурсии аксари онҳо бо шиканҷа ҳамроҳ будааст. Ба мисли буридани гӯшу латукӯби онҳо.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳанӯз ба ин боздоштҳо ва бархӯрди мақомоти Русия ба онҳо чизе нагуфтаанд. Маълум нест, ки оё намояндагони Тоҷикистон ба мурофиаҳои додгоҳии ин афрод рафтаанд ё не.

Бекорӣ ё кор бо маоши кам яке аз дардҳои асосии ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ҳазорон нафарро ба муҳоҷират маҷбур кардааст. Танҳо ба ҳисоби мақомоти Русия ҳоло беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар ин кишвар кору зиндагӣ доранд.

XS
SM
MD
LG