Мақомот дар Русия мегӯянд, дар ин ҳамла шоми 22 март зиёда аз 100 нафарро куштанду беш аз 120 касро маҷрӯҳ намуданд.
Ҳамла ба толори “Крокус Сити Холл”-ро мудҳиштарин ҳодисаи террористӣ дар Русия дар ду даҳсолаи ахир мегӯянд. Аз ин пеш соли 2004 ба ҳангоми ҳамла ба мактаби Беслан дар Русия 330 нафар кушта шуд.
Бо гузашти беш аз 12 соат аз ин ҳодиса, дар бораи ҳуввият ё иҷрокунандаҳои ин ҳамла иттило хеле нокофӣ аст: ҳамлагарон бо либоси низомӣ ва чеҳраҳои пӯшида ба толор ворид шуда ҳамларо анҷом доданд ва аз ҷои ҳодиса фирор карданд.
Кумитаи тафтишоти Русия дар хабари ахираш гуфт, ки шумори кушташудаҳо ба 93 нафар баробар шуд. Беш аз сад маҷрӯҳ дар бемористон қарор доранд.
Раиси Оҷонсии хадамоти федеролӣ Александр Бортников гуфтааст, то ҳол 11 нафар, аз ҷумла чор ҳамлагар боздошт шудааст, вале ҷузъиёте нашр накард. Масъулияти ҳамларо ба толори консертие, ки дар он бояд гурӯҳи “Пикник” ҳунарнамоӣ мекард, гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифт. Мақомот дар ИМА тасдиқ карданд, ки иддао ба ДОИШ мутобиқат мекунад.
Президенти Русия Владимир Путин то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст. Дмитрий Песков, сухангӯи президенти Русия гуфт, ки Путин ба зердастонаш “тамоми супоришҳои заруриро додааст”.
Дар ҷои ҳодиса хадамоти изтирорӣ кор мекунанд. Дар натиҷаи сӯхторе, ки баъди шурӯи тирандозӣ сар зад, як қисми бино ва шифти толори консертӣ оташ гирифт. Бархе матбуот гуфт, ки сабаби сӯхтор таркиш буд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
ВКХ: Хабари ҳамлаи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия "дурӯғин аст"Намоҳо аз ҳамла ба толори консертии МаскавДаҳҳо кушта ва беш аз 100 захмӣ. Ҳамла ба толори мусиқӣ дар Маскав